ВОХУРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОН  

           Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вохурии раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос дар ҷамоатҳои  деҳоти Нушор, Ширинчашма, Қалъаи лаби об, Лангари шоҳ ва ҷамоати  ба номи Мунаввар Шогадоев, бо сокинон баргузор гардид. Раиси ноҳия оиди Паёми раҳнамунсози Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки як барномаи мукаммали зиндагӣ ва роҳнамои тоза  баҳри пешрафту  шукуфоии Ватанамон ва некуаҳволии  мардум хоҳад буд, бо сокинон вохуриҳои судманд анҷом доданд.

   

             Дар вохуриҳо оид ба масъалаҳои дар Паёми Президенти кишвар матраҳшуда аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ  таваҷҷуҳ зоҳир гардида зимни баромади  раиси ноҳия шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ин радиф пешравӣ ва камбудиҳои ҷойдошта низ дар дар ин самтҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

             Аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар моддаҳои дахлдори баъзе қонунҳо таҳлил гардида, ба саҳми иштирокдорон расонида шуд. Қайд гардид, ки мувофиқи меъёрҳои Конситутсия ҳар як шаҳрванд вазифадор карда шудааст, ки Сарқонун ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро  донад, зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

   

 

           Дар рафти вохурихо аз ҷониби комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуд. Аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро барои адои хизмати модар ватан дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд то аз хизмат саркашӣ нанамоянд. Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, яке аз сабабҳои асосии он  паст будани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон дониста шуд. Дар ин замина робитаи пайвастаи падару модарон бо мактаб ва аҳамияти аввалиндараҷа додан ба донишандузӣ ва тарзи дурусти тарбияи фарзандонашон муҳим арзёбӣ гардид. Аз шахсони баруманди деҳа, падарон ва ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи фарзандон бетараф набошанд. Моҳияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хуб дарк намуда, ба мардуми оддӣ махсусан ҷавонон фаҳмонанд зеро имрӯз тамоми нооромиҳо дар сайёра аз тарафи абарқудратон тавассути ҷавонони гумроҳ роҳандозӣ мегардад.

              Ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ дастур дода шуд, ки 80 фоизи заминҳои обиро барои кишти картошка омода намуда, аз ҳозир тухмии босифатро харидорӣ ва захира намоянд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ  ва бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар ноҳияи Тоҷикобод қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст. Деҳқононе, ки хароҷоти молиашон барои кишт намерасад метавонанд аз ин имконият истифода намоянд.

             Дар рафти вохуриҳо ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуда,  дархост ва пешниҳодҳои аҳолӣ нисбати проблемаҳои ҷойдошта дар самтҳои мухталиф ба инобат гирифта шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code