8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерўҳои террористи таҳрим намудааст.

Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори рақами 10590000383 анҷом шудааст. Дар шарҳи қарор омадааст, ки ин «донишгоҳ» бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он – сипоҳи «Қудс», ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористи эътироф шуда буд, алоқаи бевосита дошта, ҳамчун маркази тайёр кардани мубаллиғони ифроти ва ҷосусҳо барои идораҳои амниятии Эрон дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.

 

Аз сабаби он, ки дар солҳои охир даҳҳо нафар ҷавони тоҷик, аз ҷумла фарзандони собиқ аъзои ташкилоти манъшудаи ҳизби наҳзати исломи дар ин «донишгоҳ» таълим гирифтаанд ва ҳоло ҳам таълим мегиранд, фаъолияти он барои тоҷикон ва Тоҷикистон низ бетафовут буда наметавонад.

Бинобар ин, бисёр зарур аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар бораи ин маркази бузурги ифротгароиву таблиғоти баъзе маълумотҳо дошта, худ ва фарзандони худро аз он дур нигоҳ доранд.

Аз ҷумла:

Донишгоҳи «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» (тарҷума аз араби: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо) дар асл ҳаргиз донишгоҳ набуд ва донишгоҳ нест! Он барои фиреб додани шаҳрвандони хориҷи ва давлатҳои онҳо ба хатмкунандагони худ, ки дар асл охундҳои бисёр мутаассиб мешаванд, унвонҳои зоҳиран дунявии илмии «бакалаур», «магистр», «доктор» ва ба устодонаш, ки асосан охундҳои тундрав ҳастанд, унвонҳои илмии «дуктур», «профессор» ва ғайра медиҳад. Давлатҳои ҷаҳон хатмкунандагони онро мутахассис ва хатмкардаи донишгоҳ гумон карда, ба системаи идории худ ба кор мегиранд ё таъқиб намекунанд. Ин ниқоб имкон медиҳад, ки хатмкунандагони ин «донишгоҳ» дар тамоми ҷаҳон паҳн шаванд ва миссияи махсуси худро иҷро кунанд.

Миссия ё вазифаи асосии «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», ки марказаш дар шаҳри Қуми Эрон воқеъ аст, тайёр кардани мубаллиғон ё миссионерони хурофотпарастро ба роҳ монда, ба воситаи онҳо таблиғи ифротгароиро амали месозад. Яъне, он яке аз инструментҳои асосии татбиқи сиёсати «судури инқилоби исломи» ва дахолати Эрон ба вазъияти кишварҳои хориҷист.

Мувофиқи маълумоти сомонаи худи ин «донишгоҳ», ҳоло дар он беш аз 52 000 (!) талибилм аз 122 (!!) кишвари ҷаҳон мағшўйи мешаванд. Раиси собиқи ин Донишгоҳ Алиризо Аърофи иддаъо дорад, ки то имрўз беш аз 50 000 (!!!) мубаллиғ тайёр карда, ба кишварҳои ҷаҳон фиристодаанд, ки бо воситаи онҳо ҳудуди 50 000 000 (!!!!) нафар таблиғ шудааст. Албатта, ин 50 000 охунди мубаллиғ, ки ин ҷо омода шудаанд, дар зери ниқоби муттахассиси донишгоҳи ва бо ҳуҷҷатҳои сохтаи бакалавру магистру доктор фаъолият доранд.

Илова бар ин, ин донишгоҳ то имрўз дар 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Аврупои ва Африқои филиалҳои худро кушода, ба тайёр кардани мубаллиғони нав машғул аст. Масалан, ҳоло танҳо дар намояндагии он дар Афғонистон ҳудуди 4000 нафар, аз ҷумла дар филиали Кобул 2000 нафар таҳсил мекунанд. Дар намояндагии он дар кишвари африқоии Ғано, ки кишвари суннинишин аст, беш аз 1000 нафар толиб таълим мегирад. Ҳатто дар шаҳри Париж намояндагии ин «донишгоҳ» кушода шудааст, ки масоҳати умумии он 2,5 га. мебошад.

Масъалаи ҷиддитар, ки сабаби асосии аз тарафи давлати ИМА ҳамчун ташкилоти террористи таҳрим шудани ин «донишгоҳ» гардид, таъйиноти махсуси ҷосуси ва разведкавии ин муассиса ба ҳисоб меравад. Дар қадами аввал, аз байни толибони кишварҳои гуногун дар ин муассиса ҷосусони хидматгор барои Эрон аз тарафи «Сипоҳи Қудс» ва вазорати иттилоот ҷалб мешаванд. Дар қадами баъди, ин ҷосусҳо дар кишварҳои худашон шабакаи ҷосусҳои Эронро аз ҳисоби мубаллиғони маҳалли ташкил менамоянд. Ин шабакаҳо на танҳо таблиғгари ақидаҳои зиддимазҳаби, балки барои хадамоти махсуси Эрон ҷосуси карда, маълумотҳои заруриро дар соҳаҳои гуногун ҷамъ меоранд.

Солҳои охир дар як қатор кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳои ин муассиса баста шуда, ҷосусони он боздошт шуданд. Аз ҷумла, соли гузашта дар Босния ва Герсоговина чунин як маркази ҷосусии дар намояндагии ин «донишгоҳ» барҳам зада шуд, ки маълумот дар бораи ҷузъиёти он дар расонаҳо низ паҳн гардидааст. Яке аз мудҳиштарин корҳои ин донишгоҳ, маҳз дар ҳамкори бо сипоҳи «Қудс» барои ҷанги мазҳаби дар Сурия аз ҳисоби муҳоҷири афғон дар Эрон ташкил намудани гурўҳи ҷангии «Лашкари Фотимиён» мебошад, ки ҳоло ба як масъалаи баҳснок байни Эрон ва Афғонистон табдил шудааст. Моҳи гузашта вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо телевизони «Тулуъ-нюс» теъдоди ин лашкариёни афғонро, ки дар Сурия аз тарафи Эрон меҷанганд, 5000 нафар гуфт, аммо хабарнигори ин телевизон Наҷафзода онро 25000 нафар эълон кард.

Аз назари идоракуни, ин муассиса бевосита зери роҳбарии худи Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоманаи фаъолият карда, раиси он низ аз тарафи Роҳбар таъйин мешавад. Вазорати таҳсилоти олии Эрон ва мақомҳои дигари давлати ҳуқуқи дахолат ба фаъолият ва стандартҳои таълимии ин «донишгоҳ»-ро надоранд. Балки ин вазорат маҷбур аст ҳуҷҷатҳои дар асл ғайривоқеии ин «донишгоҳ»-ро расман эътироф ва тасдиқ кунад. Барномаҳои таълимии он аз аккредитатсияи давлатии Эрон нагузашта, ин муассиса ҷузъи таркибии ҳавзаи илмияи Қум ва муассисаи таъблиғи хурофотзадаги ба ҳисоб меравад. Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва сафоратҳои Эрон дар кишварҳои хориҷи низ ҳуқуқи назорати фаъолияти хориҷии ин «донишгоҳ»-ро надоранд.

Маълум аст, ки чунин як фаъолияти махсусан васеи таблиғоти (миссионери) ва шабакаи бузурги ҷосуси ба маблағгузории бисёр калон эҳтиёҷ дорад. Аз ин рў, буҷаи «донишгоҳ»-и «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» низ бисёр калон аст. Он дар асл як давлат дар дохили давлат мебошад.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисони эрони ва хориҷи, буҷаи солонаи ин донишгоҳи терроризм ҳудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ин маблағи бузург аз чор манбаъ таъмин мешавад:

1.Аз буҷети расмии давлатии Эрон

2.Аз буҷети «байти раҳбари» (фонди махсуси Роҳбари инқилоб)

3.Аз ҳисоби хумс (андози 20%-и мазҳаби шиъа), ки аҳоли ба охундҳо мепардозад.

4.Аз ҳисоби хайрияи маҷбури, ки аз ширкатҳо, корхонаҳои истеҳсоли ва соҳибкорони бузург ситонда мешавад.

Аз ин миён, танҳо маблағи аз буҷети расмии Эрон барои ин донишгоҳ ҷудошаванда маълум буда, маблағҳои се сарчашмаи дигар, ки тақрибан дар ҳамин ҳаҷм ҳастанд, махфи ё ба қавли худи охундҳо «билоҳисоб» боқи мемонанд. Масалан, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои соли 1398 (2019) ба ин донишгоҳ 308 миллиард туман маблағ ҷудо шудааст ва илова бар ин, дар сурати афзоиши қиммати нефт он бояд то 400 миллиард туман расонида шавад. Ин малбағ ҳудуди 75 000 000 доллар ва дар сурати афзоиш, беш аз 100 000 000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Хароҷоти ин маблағҳои бузург пурра дар ихтиёри гурўҳи охундҳои роҳбари донишгоҳ (ҳайати уламо) буда, дар самтҳои зерин харҷ мешавад:

-таъмини фаъолияти идорию таълими;

-таъмини хўрок, ҷои зист ва рафтуомади солонаи беш аз 50 000 толиби хориҷи;

-таъмини фаъолияти филиалҳо дар 60 кишвари ҷаҳон;

-маблағгузории фаъолияти хатмкунанда дар кишварҳои худашон (дар ин банд, мутобиқи фармони расмии Оятулло Хоманаи, бояд ташкилотҳои дигари мазҳабии Эрон, аз ҷумла Созмони таблиғоти исломи ва Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт, ки ҳар як низ буҷетҳои ниҳоят калони худро доранд, ба ин «донишгоҳ» ҳамкори кунанд);

-маблағгузории шабакаи ҷосуси аз ҳисоби хатмкунандагон ва ҳифзи робита бо онҳо (дар ин бахш Сипоҳи посдорон ҳамкори мекунад, ки буҷаи он даҳҳо миллиард доллар аст);

Тафтиш кардани харҷи буҷаи ин муассиса аз тарафи мақомоти давлатии Эрон мумкин нест.

Маълумоти мухтасари пешниҳодшуда, чи маркази бузургтарини тайёркунии мубаллиғон ва шабакаи ҷосуси будани ба ном донишгоҳи «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро пурра исбот мекунанд. Аз он метавон дид, ки дар ҳақиқат ин марказ таҳдиди бузурге ба амнияти минтақави ва махсусан тоҷикону Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумотҳои санҷидашудаи мақомоти давлатии Тоҷикистон, дар солҳои охир (аз солҳои 90-ум то имрўз) ҳудуди 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин донишгоҳи бузурги террористии минтақа таҳсил кардаанд. Қисми асосии онҳоро фарзандони наҳзатиёни собиқ ташкил мекунанд, ки як қисмашон то ҳоло он ҷо таҳсил ва зиндаги доранд (маълумоти муфассал дар бораи онҳо ба таври алоҳида нашр мегардад). Бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз садҳо нафар аз донишгоҳҳои террористии ин кишвар баргардонида шудаанд, аммо маълумоти дақиқ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам ҳудуди 380 нафар тоҷикон дар «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ва дигар марказҳои махсуси ин кишвар таҳсил мекунанд. Мақомоти кишвари мазкур барои мулоқоти намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин шаҳрвандони тоҷик ҳамеша монеа эҷод намудаанд.

 

Имрўз ҳам аксарияти масъулони бахши идеологии ташкилотҳои ифротгарои ҳизби наҳзати исломи ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупои фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористи ва кадрҳои муассисаҳои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Аз ҷумла, узви раёсат ва идеологи асосии Паймони миллии Тоҷикистон Бурҳонов Саидюнус Аббосович (Сайидюнуси Истаравшани) беш аз даҳ сол бо аҳли оила ва бародаронаш дар ин муассисаи террористи дар шаҳри Қум таълим гирифта, ҳоло ҳам зери таъминоти он мебошад. Ин узви раёсати ПМТ ва муассиси ташкилоти фейкии «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», ки яке аз муассисони ПМТ аст, ҳатто чанд сол аз тарафи сипоҳи посдорон ба Лубнон фиристода шуда, дар таркиби ташкилоти террористии «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон таълиму таҷрибаи идеологи ва диверсиони омўхтааст.

С.Истаравшани мудири сомонаҳои тоҷикзабони «Рисолат» ва «Кимиёи саодат» аст, ки ҳар ду аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломи таъсис шуда, ба таблиғот ва фаъолияти зидди давлати Тоҷикистон машғул буданд. Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта ин пойгоҳҳо низ ҳамчун зерсохторҳои таблиғотии Сипоҳи посдорон аз тарафи давлати ИМА сомонаҳои террористи эълон ва баста гардиданд. Чунин ҳукми байналмилали нисбат ба узви Раёсати ташкилоти ифротии Паймони миллии Тоҷикистон ба худи ин ташкилот низ дахл дорад. Ногуфта намонад, ки ҳатто пас аз ҳамчун сомонаҳои террористии сипоҳ ва ҳизби наҳзат баста шудани сайтҳои «Рисолат» ва «Кимиёи саодат», узви раёсати ПМТ С.Истаравшани таблиғоти зиддитоҷикиро дар саҳифаи фейсбуки худ идома дода истодааст.

Ҳамчунин, муовини раиси ҳизби наҳзати исломи Кузов Шоҳнаим, узви раёсати ҲНИ, писари роҳбари пешинаи ин Ҳизб С.А.Нури – Саидов Муҳаммадҷон Абдуллоевич, мудири департаменти робита бо ҷомеаи ТЭТ ҲНИ, бародарзода ва ёрдамчии шахсии раиси ПМТ Муҳиддин Кабири – Кабиров Муҳамадҷон Сафарович, сухангўи ПМТ Қаюмов Бобоҷон Тағоевич (Бобоҷони Қаюмзод), узви раёсати ТЭТ ҲНИ Ваҳҳобов Азимҷон Азизович, узви раёсати ТЭТ ҲНИ Саидов Исломҷон Асомуддинович, роҳбари намояндагии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Теҳрон Амонбеков Неъмат Сулаймонбекович, масъули сомонаҳои иттилоотии ТЭТ ҲНИ ва домоди раиси ПМТ Амруллоҳи Низом, муҳаррири  расонаҳои ТЭТ ҲНИ, бародари Саидюнуси Истаравшани Бурҳонов Аббос ва ғайра, ки ҳоло дар кишварҳои аврупои худро ҳамун «демократ» ва «ҳомии ҳуқуқи башар» муаррифи мекунанд, маҳз дар ҳамин  мактабҳои махсуси Эрон ва Сипоҳи посдорон таҳсил карда, барои иҷрои рисолатҳои махсус тайёр карда шудаанд. Аксарияти фаъолони сатҳи миёнаи ТЭТ ҲНИ дар Аврупо низ дар марказҳои махсуси Эрон таълими идеологи ва махсус дидаанд.

Мувофиқи маълумотҳои аниқшуда, ҳоло Кузов Ш. масъули робитаҳои ҳарби ва амалиёти террористии ТЭТ ҲНИ бо Сипоҳи посдорони Эрон ва Муҳаммадҷон Кабиров масъули робитаҳои сиёси ва ҷосусии ТЭТ ҲНИ бо Вазорати амният ва Сипоҳи посдорони Эрон мебошад. Илова ба вазифаҳо дар самти мубориза бо давлати Тоҷикистон, яке аз вазифаҳои онҳо аз ин иборат аст, ки ҳамчун «ҳомии ҳуқуқи башар» дар конференсия ва маҳфилҳои аврупои иштирок карда, дар бораи мухолифони низоми исломии Эрон барои мақомоти дахлдори ин кишвар маълумот ҷамъ мекунанд. Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки ҳукми байналхалқи нисбат ба созмони террористи эътироф шудани Сипоҳи посдорон ва «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ба ин роҳбарону фаъолони ПМТ ва ТЭТ ҲНИ, ки бевосита дастпарвару кадрҳои ин ташкилот мебошанд, пурра татбиқ мешавад.

Ин ба он маъност, ки зери ниқоби «донишгоҳ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мубаллиғ ва ҷосусони хадамоти махсуси ин кишвар тайёр шуда истодаанд. Ҷойи шубҳа нест, ки ин лашкар барои кишвари мо таҳдиди ҷидди ба ҳисоб меравад.

Дар охир мехостем дар ин масъала ба шаҳрвандони кишвар, ба падару модарони азиз муроҷиат намоем. Ҳар яки мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакаҳои ҷосуси огоҳ бошем, то ки мо ва фарзандонамон ба доми ин мубаллиғон наафтем. Падару модарони азиз бояд ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандонашон ба ин гуна «донишгоҳҳо»-и кишварҳои хориҷи, дар асл марказҳои террористи рафта таҳсил кунанд, зеро бояд ошкоро гўем, ки барои онҳо дар оянда дар Тоҷикистон ҷой пайдо нахоҳад шуд. Аз волидайне, ки фарзандон ва ё хешу таборашон то имрўз дар ин донишгоҳи бузурги терроризм таълим мегиранд ва ё омодагии диверсиони мегузаранд, хоҳиш дорем, ки фарзандони худро аз он ҷо даъват карда баргардонанд, то ки душмани миллати хеш нагарданд.

Ногуфта намонад, ки баъди аз тарафи давлати ИМА расман ташкилоти экстремистию террористи эътироф шудани «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», толибон ва хатмкардагони он низ хатмкунандаи курсҳои террористи ва экстремисти ба ҳисоб рафта, на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди пайгирии қонуни ва ҷинояти қарор мегиранд.

Пас, бояд фирефтаи ин доми бузурги охунди нашуда, худ ва фарзандони худро аз мушкилот ва хиёнат эмин нигоҳ дорем!

Каримов Иноятулло Раҳимович, омӯзгори кафедраи улуми «Қуръон ва ҳадис»-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code