ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ДЕҲОТ

           Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз 15 апрели соли 2021 №488,маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои театрикунонидашуда, ва барномаҳои консертӣ дар марказҳои деҳоти  ноҳия баргузор гардида истодаанд.

 

            Як чунин чорабинии фарҳангӣ  дар деҳаи Нушори болои ҷамоати деҳоти Нушор бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, мақомотҳои қудратӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Роҳбари аввали ноҳия зимни суханронии худ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар ин муддат ёдоварӣ намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сохтмонҳои азими худ, ба монанди неругоҳҳои бузург, роҳу нақбҳо ва иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо сиёсати хирадмандона, сулҳҷуёна ва мутавозини “дарҳои кушода” дар арсаи байналмилалӣ низ мақому манзалати шоиста пайдо намуд. Дар ин давом дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. 

           Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия  як қатор фаъолон ва варзишгарони ҳудуди ҷамоат барои саҳми муносибашон  дар корҳои ободонӣ ба пешвози ин санаи муборак бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар чорабинӣ барномаи консертии бахши фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, Истиқлолият ва самимият ба Пешвои миллат буд.

      

           Ёдовар мешавем, ки бо мақсади истиқболи сазовор аз ин санаи муборак  дар ҳама деҳоти ноҳияи Тоҷикобод чунин чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Айни замон сохтмони иншоотҳои маишӣ, корҳои тозаву озода намудани муҳит, насби шиору овезаҳо, корҳои ободонӣ дар кӯчаву маҳал бомаром идома доранд. Мардум бо дасту дили нек ва ғуруру ифтихор омодагӣ мегиранд то Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор гардад.    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code