ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКОБОД

           Субҳи 10-уми июл соати 7.14 бар асари зилзила дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод  ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид.

           Тибқи иттилои Қобилҷон Исмоилов сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод  мутаассифона,  бар асари зилзила 5 нафар  аз ҷумла як зани 70 сола, ва 4 нафар хонандаи мактаб зери хок монда ба ҳалокат расиданд. Шумори захмиён 6 нафар гуфта мешавад. Хисороти зиёд ба деҳаҳои Бӯстон(собиқ деҳаи Кӯли боло), Саричашма ва Кули калон ворид гардида, дар натиҷа беш аз 255 манзили зист ва иншоотҳои ёрирасони  сокинон хароб шудааст.

            Бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда аъзои комиссия барои омӯзиши вазъият, муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани зарари офати табии ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Тибқи иттилои масъулин зарардидагон ба ҷои бехавф кучонида шуда, аз тарафи Агентии  захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хайма ва хуроки гарм таъмин мегарданд.

       

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code