Зарардидагони офати табии бо хайма ва маводи ғизоӣ таъмин гардиданд.
Бар асари заминларзае, ки рӯзи 10 июли соли ҷори соати 7.14 дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста буд, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт хисорот ворид гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зилзила дар 165 км қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар чуқурии 10 км ба вуқӯъ пайвастааст, ки қувваи он 5,9 балро ташкил медод. Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст.
Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил гардида аз маҳалли ҳодиса дидан намуданд. Маҳматоир Зокирзода дар деҳаҳои Бӯстон (собиқ деҳаи Кӯли боло) Сари чашма ва Кӯли калони ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод инчунин ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо сокинони зарардида вохурӣ намуда зикр намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилоти ҷойдошта бартараф гардида, дар кутоҳтарин муддат манзилҳои зарардида барқарор мегарданд.
Ба иттиллои сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Қобилҷон Исмоилов, бо супориши Пешвои миллат як гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор зарари расидаро муайян намуда истодаанд. Зарардидагон ба ҷои бехавф кучонида шуда, аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо хайма ва хуроки гарм таъмин гардиданд. Дар навбати аввал ба ҳар як оилаи зарардида маводҳои зарурӣ аз қабили орду равған, шакар, биринҷ, макарон, ва ғайра инчунин ниқоб ва маводҳои антисептикӣ дастрас гардид. Кумакҳои аз ҷониби ноҳияҳои ҳамсоя ва шахсони саховатпеша воридгардида низ аз тарафи комиссия қабул гардида ба сокинони зарардида одилона тақсим мегарданд.
Аз тарафи кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқии Рашт» ҳолатҳои садамавӣ барқарор гардида, сокинони дар хаймаҳо ҷойгиркардашуда бо қувваи барқ таъмин гардиданд. Кабинаҳои сайёри ёрии аввалияи тиббӣ низ дар деҳаҳо гузошта шуда аз ҷониби табибон ба мардум сари вақт хизмат расонида мешавад. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама кӯшишро баҳри дастгирии мардум равона намуда, дар паҳлуи онҳо қарор доранд. Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз кӯмаку дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, сидқан изҳори миннатдорӣ менамоянд. Дилшод Амиров