Оғози сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Тоҷикобод ва ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Тоҷикобод»

21.09.2021 10:30, ноҳияи Тоҷикобод

             21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.

           Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони ноҳия Сарвари давлатро, ки ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ба ин ноҳияи дурдасти мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

           Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Тоҷикобод ба фаъолияти Маркази хизматрасонии «Тоҷикобод» оғози расмӣ бахшиданд.

           Иншоот дар масоҳати 4500 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми он тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои қабули 40 нафар ҷой мавҷуд аст.

           Дар ошёнаи сеюми бино бошад, маҷлисгоҳ сохта шудааст, ки дар он шароити хуби баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо муҳайё мебошад.

           Дар дохили иншоот намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагию ресандагӣ ба намоиш гузошта шудааст.

           Ташкили намоишгоҳи васеъи ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи он аст, ки дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ҳифз ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва омӯзиши он ба насли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. 

           Маркази хизматрасониро оилаи Идиевҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд намудаанд. Дар марказ 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

           Намои беруни бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд. Дар атрофи иншоот дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст ва тамоми роҳравҳои он пурра сафолакпӯш мебошад.

           Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази муосири хизматрасонӣ дар татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд ва дар таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ замина мегузорад.

            Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр миннатдорӣ баён намуданд.( http://prezident.tj )

       

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code