БИНОИ НАВ БА КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА КДФ “БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ” 

          Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳия ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

          Дар ифтитоҳи бинои мазкур Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашурӣ, Раиси Кумитаи  забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадҷонзода Олимҷон Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ва як қатор шахсони расмӣ иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи бино аз тарафи меҳмонон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода шуд.

           Бинои мазкур дар як муддати кутоҳ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ва кормандон бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

           Тавре дар сӯҳбат бо мо директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Тоҷикобод Қосимҷон Пирамардов иброз намуд,  бинои нав бо дастгирии  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашурӣ ва роҳбари  корхонаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Умариён Раҳмон Фақерзода сохта шуда, ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли мамлакат ба кормандон тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code