ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ҲУНАРОМӮЗИИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКОБОД
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Тоҷикобод “Маркази ҳунаромӯзии занон” мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуд.
Бинои мазкур ба сифати иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии шарикони рушд бунёд гардида, ҳадаф аз бунёди он ҷалби бонувони маҳаллӣ ба касбомузӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Он аз ду ошёна иборат буда, дар утоқҳо таҷҳизоти гуногуни дӯзандагию бофандагӣ ва кулолгарӣ насб карда шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи “Маркази хунаромӯзии занон” Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадчонзода Олимҷон, Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ширкат варзида суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо аз чумла таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Тоҷикобод мавриди истифода карор дода шудани “Маркази хунаромӯзии занон” ба ва соҳиби касбу кор гардидани бонувони маҳаллӣ ба рушди ҳунарҳои мардумии диёр мусоидат хоҳад намуд.
Минбаъд ҳамарӯза аз ин даргоҳи ҳунар духтарону занони маҳаллӣ ҳунарҳои дӯзандагию бофандагӣ ва маҳорати нақшу нигорофарии миллиро аз худ менамоянд.
Мураббиёни соҳибтаҷриба Дилбар Назриева ва Тазкира Шокирова аз он қаноатманданд, ки дар чунин шароити кории мусоид ба шогирдон нозукиҳои касбро омӯзонида, дар рушди касбу ҳунаромӯзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод саҳми арзандаи худро мегузоранд.