ТОҶИКОБОДИҲО БА ҚАДРШИНОСИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАНД

Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳияи Тоҷикобод

             

           Мардуми ноҳияи Тоҷикобод шоҳиди онанд, ки ҳар як ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри зебоманзари Тоҷикобод ҳамеша нусрату баракат, файзу барор оварда, боиси таҳаввулоту рушду нумӯи хоҷагии халқи ноҳия мегардад. Мардум ба Пешвои худ эътимоди қавӣ дорад, зеро сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар умқи зеҳну замирашон ҷой гирифта, аз ин рӯ ҳар як ташрифи Роҳбари давлатро бесаброна интизорӣ мекашанд.

           Аз боздиди қаблии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод бештар аз ду сол сипарӣ мешавад. Ва ҳоло мушоҳида карда метавонем, ки сохторҳои марбутаи мамлакат, роҳбарону масъулон ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди ноҳия ба масъалаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо масъулияти ҷиддӣ муносибат карда, корҳои зиёди ободониву бунёдкориро ба анҷом расонидаанд, ки дар натиҷа шароити зиндагии мардум хеле беҳтар ва ноҳия боз ҳам ободу зебо гардид.

            Маҳз замони соҳибистиқлолии кишвар, баъди истиқрори сулҳу ризоияти байни тоҷикон бо таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳама ободкориҳо рӯи кор омаданд ва симои ноҳия, бахусус маркази он ба куллӣ дигаргун гардид. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017 деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд, ки далели гуфтаҳои болост.

            Кушодани шоҳроҳ бо пули азими “Ваҳдат”, кӯчаю хиёбонҳои чароғону ороста, варзишгоҳ ва меҳмонхонаи дар водӣ беназир, мактабу мағозаҳои барҳаво, табобатгоҳҳою корхонаҳои сершумор, ки нишонаи корнамоӣ ва ягонагии қавлу амал аст.

           Солҳои 1991-2020  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор 162 иншооти ҳаётан муҳим сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамин давра 21 бинои мактаби нав сохта шуда, 23 мактаб азнавсозӣ шуданд, 12 бунгоҳи тиббӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, биноҳои шуъбаи ҷарроҳӣ, таваллудхона дар беморхонаи минтақавии Нӯшор, 21  хати оби нӯшокӣ, 4 канали обёрӣ бо дарозии 28 км, 6 неругоҳи хӯрди барқи обӣ, 3 бинои бонк, 9 пули мошингузар, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 4 бинои маъмурии ҷамоат, биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, комиссариати ҳарбӣ, маркази фароғатии ҷавонон, мумфаршу чароғон гардонидани роҳҳои шаҳраки Тоҷикобод, боғи «Муқаддасоти миллӣ» ва дигар иншоотҳои муҳим сохта ба истифода супорида шуданд.

           Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 115 иншооти тиҷоратӣ ва маишӣ сохта шудааст. Истеҳсоли картошка нисбат ба соли 1992 3,2 маротиба, нисбат ба соли 2006, 1,2 маротиба дар соли 2020 зиёд шудааст. Ҳамин тариқ дар муқоиса нисбат ба соли 1992 соли 2020 истеҳсоли ғалладона 5 маротиба, теъдоди оилаҳои занбури асал 7,9 маротиба, саршумори ҳайвони калони шохдор 1,7 маротиба, моли майда 2,2 маротиба, парранда 3,1 маротиба, истеҳсоли гӯшт 1,2 маротиба, шир 2,7 маротиба афзоиш ёфтааст. Аз соли 1992 инҷониб дар ноҳия 256 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд.

            Таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, алалхусус картошка имсол то ҳадде дар ноҳияи мо иҷро гардид.  Майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1983 гектар расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 43 гектар зиёдтар аст.

             Мардуми ноҳия ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолиятро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои Маркази саломатӣ, шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Тоҷикобод, маркази бонувон, боғи фарҳангию истироҳатӣ ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни тоза бахшиданд. Соҳибкорони банангу ори диёр низ дар соли ҷашн сохтмони 10 иншооти таъиноти гуногунро ба анҷом расонданд.

             Фазои идона бошад ҳам наметавон аз ҳодисаи мудҳиши табиӣ – заминларзаи 10 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияамон сарзада ёдовар нашуд, ки деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ зарари бештар диданд. Афсӯс, ки офат талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт. Дар натиҷаи офати табиӣ 58 хона пурра, 210 хона қисман ва хонаҳои боқимонда сабук зарар диданд. Бинои 4 мактаб пурра ба азнавсозӣ ниёз дошта, 6 мактаб қисман зарар бардоштааст.  Умуман, ҳаҷми зарар 10 млн. 117 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

            Аммо зарардидагон ва мардуми ноҳия рӯҳафтода нагардида, баъди соатҳои нахустини ба вуқуъ пайвастани заминҷунбӣ барои бартараф намудани оқибатҳои зарар камар бастанд.  Аз он сидқан сипосгузорем, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъҷилан барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза ба ниҳодҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ супориш дод.

            Рафти корҳои барқарорсозии офат бевосита таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ масолеҳи бинокорӣ, дигар маводи ниёзи аввал барои зарардидагон дастрас гардид.  Баробари ин ҳаррӯза аз тарафи вазорат ва кумитаҳо, идораҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои эҳсонкори ватанию хориҷӣ, соҳибкорон, шахсони алоҳидаи саховатманд ба зарардидагон ёриҳо дар шакли маводи сохтмонӣ, озуқаворӣ, ҷиҳози рӯзгор, тиббию беҳдоштӣ расонида мешаванд.

           Ҳамаи ин мардумро дилпур месозад, ки дар ин рӯзҳои сахт яккаю танҳо нестанд, манзилҳои валангоргаштаро аз нав бунёд карда, ба зиндагии орому осудаи хеш бар мегарданд.

           Мувофиқи нақша дар  се соли охир бунёди 77 иншооти таъиноти гуногун дар назар буд. Агар сохтмонҳои илова ба нақша бунёдшударо ҳамроҳ намоем, бештар аз 100 иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

           Метавонем аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш далелҳои зиёд орем. Дар қиёси равнақи корҳои фарҳангӣ бо ҳамин иктифо намуданием, ки дар ҳамаи фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Андалеб” ҳунармандони ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ мегарданд. Имсол низ дар даври ҷумҳуриявӣ ҳунармандони ноҳияи мо ба гирифтани  ҷои сеюм ноил гардиданд.

           Алқисса, ҳама заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дидаи мардуми дурандешу сипосгузори ноҳияи Тоҷикобод пинҳон намемонад. Тоҷикободиҳо қадри намаки Пешвои миллатро пос медоранд. Дар ҳама давру замон, новобаста бо ноҷуриҳои авзои сиёсӣ аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ доштанд.

           Мардуми ноҳияи Тоҷикобод бо номи Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Ташрифи навбатии Пешвои муаззамро дар ин рӯзҳои бобаракати фасли тирамоҳ хайрамақдам гуфта,  ваъда медиҳанд, ки чун ҳамешагӣ аз сиёсати оқилона ва зиндагисози Сарвари давлат пуштибонӣ ба амал оварда, бо заҳмати бунёдкоронаи хеш дар рушду нумуи Ватани ягонаамон Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд.    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code