ДУ МАКТАБИ НАВ ДАР МАВЗЕИ ОСЕБДИДА
Сокинони деҳаҳои Сумандара ва Мазори болои ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ, воқеъ дар ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларзаи 10 июли соли равон зарари ҷиддӣ дида буданд, соҳиби ду мактаби наву замонавӣ гардиданд. Биноҳои хуштарҳу замонавии муассисаҳои таълимии №18 ва 22 ба ҷои мактабҳои аз заминҷунбӣ харобгардида бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи биноҳои муассиаҳои таълимӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода , раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ва дигар намояндагони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи супориши Президенти мамлакат рӯзи 10 июл зимни боздид аз биною иншоотҳои зарардида Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаврӣ ба роҳбарони Вазорату идораҳо ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дода буданд. Дар ҷаласаи сайёр Сарвазири мамлакат ҳозиринро доир ба дастуру супоришҳои раиси комиссия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар барқарорсозии хонаҳо ва дигар инфрасохтори дар натиҷаи офати табиӣ харобгардида огоҳ намуданд.
Сохтмони мактабҳои мазкурро Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба уҳда гирифта, корҳои сохтмониро ҶДММ “Саховат-2005” ва КВД “Тоҷик-Сохтмон” бо ҷалби 120 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расониданд. Маблағи умумии сохтмони муассисаи таълимии №18-ум 3 млн 304 ҳазор сомонӣ ва муассисаи таълимии №22 бошад, 2 млн 208,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳарду бинои таълимӣ бо усули меъмории муосир сохта шудаанд. Намуди берунаи биноҳо зебову замонавӣ буда, дохили онҳоро шифту фаршҳои нақшин ва чароғҳои нурафшон оро медиҳад. Тамоми синфхона ва утоқҳои ҳарду бинои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии мизу курсӣ, ҷевон ва асбобҳои айёнӣ ҷиҳозонида шуда, барои хонандагон шароити басо мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои 240 хонанда ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 21 барои 144 хонанда пешбинӣ шудаанд.
Ҳарду муассисаҳои таълимии нав бо синфхонаҳои компютерӣ ва видеопраекторҳо таъмин карда шудаанд. Сокинони деҳоти мазкур зимни суҳбат сипосу миннатдории самимии худро ба Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин мактабҳои замонавӣ ҳамчун армуғони гаронарзиши илму маърифат ба хонандагону омӯзгорони мавзеи осебдида арзёбӣ намуданд.