ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ.

Бахшида ба 77-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Кахрамон

9 маи соли 2022 дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва инчунин дигар давлатҳои озодихоҳи дунё 77-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонии солҳои 1939-1945 –набарди бузургтарин дар таърихи инсоният аст, ки аз ҷониби Олмони фашистӣ, Италия ва Ҷопон оғоз шуда буд. Дар ин ҷанг 61 кишвари олам (зиёда аз 80 % аҳолии кураи замин) иштирок карда , амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлат бурда шуд. Шодравон падарам ки иштирокчии бевоситаи муҳорибаҳои азими Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва аз дасташ ярадор шуда маҷрӯҳи гурӯҳи дуввум  ба ҳисоб мерафт ва аз синни хурдсолиамон ба ман бисёр корнамоиҳои ҳамватанонамон ва иштироки худаш дар ин ҷанг нақлҳо мекард. Ин сабаб шуд, ки ман зиёда аз чил сол ба хондани асарҳои зиёди Ҷанги Бузурги Ватанӣ шавқу ҳаваси зиёд пайдо кардам. Дар муддати ин солҳо кадоме ки аз китобхонаи шахсии хурди  ман назар афканда шинос мешуд, аз манн мепуросид, ки аз кадом сабаб аксари китобҳои шумо доир ба Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон мебошанд. Аз ноҳияи Тоҷикобод (собиқ Қалъаи лаби об) падару бобоёни мо дар ин ҷангҳо иштирок карда корнамоиҳо ва диловариҳои зиёде нишон додаанд. Дар солҳои 1941-1945  аз шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзеобод) то ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол), ки аз ду вилоят Ғарм ва ВАБК, ки ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дарбар мегирифт, танҳо ба ду аскар унвони баланди Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Ин унвони баланд ба афсарон (сарбозон) Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов  соли 1943 барои шуҷоат ва корнамоиҳои бузург дода шуд. Мардуми ноҳияи Тоҷикобод   аз он бояд ифтихор кунем, ки ҳардуи ин сарбозони шуҷоъ аз ноҳияи Қалъаи лаби об, ҳозира Тоҷикобод ба ҷанг даъват шудаанд. Ҳайдар Қосимов соли 1922 дар деҳаи Полезаки ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Оилаи онҳо соли 1928 барои азхудкунии заминҳо ба водии Вахш кӯчонида шуда буданд. Моҳи декабри соли 1941 Ҳайдари нӯздаҳсола, ҳисобчии бригадаи трактористони МТС ба фронт даъват шуд. Аз рӯзҳои нахуст дар муҳорибаҳо нотарсона зидди фашистони гитлерӣ мубориза мебурд. Моҳи декабри соли 1943 дар яке аз набардҳо аскарони шӯравӣ  дар соҳили дарёи Днепр истеҳком гирифта буданд. Дар вақти аз истеҳком гузаштан командири рота ба ҳалокат расид. Ҳайдар Қосимов фармондеҳиро ба иммаи худ гирифта, ба тири миномёту автомат ҳуҷуми гитлерчиёнро мегардонид.

Дар натиҷаи муҳорибаи шадид зери оташи тиру тупи душман ӯ ҳамаи ҳамяроқонро аз дарё гузаронид. Аскарони немис бо талафоти зиёд ақибнишинӣ карданд. Ҳангоме ки гурӯҳи ёрӣ расида омад, ҳамяроқон Ҳайдари ярадорроо рӯи даст мебурданд. Ба ӯ барои ин матонаташ бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС 16 сентябри соли 1943 унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар озоднамоии Латвия, Эстония, Полша ва Берлин низ корнамоиҳо нишон дода, соҳиби ордени ҷангии «Ситораи сурх» ва медали «Барои шуҷоат» ва медали «Барои  шуҷоат» гардидааст. Дар рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон»  10.12. 1957 дарҷ шудааст: «Муддати чордаҳ сол дар зодгоҳи ӯ намедонистанд, ки ҳамдеаашон Қаҳрамони Иттиҳои Шӯрависст. То аз фронт расман ҳуҷҷатҳо наомаданд, аз қаҳрамонии худ ифшо нанамуд ва дар ин бора ба кассе лаб накушод Ин аз хоксориву фурӯтании ин марди бузург шаҳодат медод. Ӯ ба Ватан дар қатори дигарон ба барқароркунии хоҷагии харобгаштаи халқ машғул буд. Дар ин муддат дар вазифаҳои гуногун кор кард, раиси Шӯрои деҳоти «Тоҷикобод» муовини директории корхонаи чорводории ноҳияи Вахш,  аз соли 1961 то соли 1990  раиси Шӯрои деҳоти (Ҷамоати) Тоҷикободи ноҳияи Вахш кор кард. Ман худро аз он хушбахт ҳисоб мекунам, ки моҳи октябри соли 1991 бо ин марди бузург дар хонаамон вохӯрӣ рафта сӯҳбат намудаем.  Моҳи октябри соли 1991 ман дар ОКТ-39 кор мекардам ва ба манн хабар доданд, ки меҳмонҳо аз шаҳр ба хонаи шумо барои фотиҳахонӣ омадаанд,  ки як сол пеш шодравон падарам азз дунё гузашта буд. Ман ба хона омада дар  назди ҳавлӣ волгаи ГАЗ 24-ро дидам. Ба меҳмонхона даромададар он ҷо Ҳайдар Қосимов, ки дар сари синааш ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳои зиёде ҷило медоданд, нишаста буданд. Дар паҳлӯи вай ҳамсараш Тоҷинисо Абдуллоева –Аълочии маорифи халқ, ки соли 209 аз дунё гузашт ва писари калониаш Абдулмуқаддир нишаста буданд. Баъди салому алейк  ва пурсупос Ҳайдар Қосимов  худро шиносонида, гуфт, ки бо шодравон падарамон, ки ӯ низ иштирокчии ҷанг буд, мо солҳои зиёде робитаи дӯстӣ ва рафтуомад доштем.  Ман ҷавоб додам, ки бо Шумо мо солҳои зиёде ғоибона шинос буда, аз корнамоиҳои Шумо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  бохабар ҳастем. Мо дар сари дастурхон нишаста зиёда аз як соат суҳбат кардем. Баъд он кас гуфтанд, ки мо бояд ба ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт)  равем ва бо якчанд ҳамяроқонамон суҳбат кунем. Ин аввалин ва охирин вохурии ман бо ин марди шуҷоъ буд. Ҳайдар Қосимов моҳи январи соли 1993 аз дасти душманони миллат ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро аз қитъаи Гулзор, камее дуртар аз ҷои зисти муваққатиаш дарёфт намуданд. Ҷисми ӯ бо тирҳои автомат хуншор шуда буд. Аз мошинаш дарак набуд. Он вақт ӯ 71 сола мешуд. Қаҳрамонро дар гӯристони наздик ба хок супурданд. Дар ин бора мухтасар дар мақолаи рӯзноманигори шинохта Манижа Қурбонова «Қаҳрамоне, ки дар ҷанги дигар кушта шуд» дар рӯзномаи «Азия плюс»№21аз 27.05.2010  навишта шудааст.День Победы

Амакам Ғафуров Тавур низ, ки иштирокчии муҳорибаҳои зиёде дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, бо Ҳайдар Қосимов дӯстии наздик доштанд. Шодравон амакам Ғафуров Тавур дорандаи ду ордени Шараф буданд. (дараҷаи 3 ва 2). Агар ба вай гирифтани сеюмин Ордени Шараф муяссар мешуд, пас дар ҷумҳуриамон шонздаҳумин дорандаи ҳар се ордени Шараф ва дуюмин Қаҳрамон аз деҳаи Полезак ба ҳисоб мерафт. Агар мо дар бораи қаҳрамониҳои афсарон сухан ронем, ба фикрам ин охир надорад. Германияи фашистӣ , ки аз 1.09.1939 ҷангро дар Полша оғ карда то 22.06.1941 бисёре аз давлатҳои бузурги дунёро забт карда буд, базаи бузурги ҳарбии худро таъмин кард.  22-июни соли 1941 дар яке аз дарозтарин рӯзҳои фасли сол бо нақшаи «Барбарос» ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.  Бисёре аз давлатҳои дунё фикр мекарданд, ки тақдири Иттиҳоди Шуравӣ ба наздикӣ ҳал мешавад. Ин ҷанг дар таърихи инсоният аз ҳама душвору даҳшатовар буд ва он 1.418 шабонарӯз давом кард.23 июни соли 1941 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ И.В. Сталин тариқи радио изҳор намудапнд, ки гап дар бораи ҳаёт ва марги халқҳои ватанамон, гап дар бораи озод будан ва ё зери асорат будани халқҳои ватанамон , гап дар бораи  озод буда вап ё зери асорат будани  халқҳои ватанамон меравад. Ин суханони Сарфармондеҳи Олӣ ҳамаи халқҳои Ватани паҳноварро ба по хезонд, намояндагони 120 миллату халқиятҳои мамлакат  аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифзи Ватани паҳновари худ муборизаи беамон бурданд.  Ҳамин буд, ки 11.603 нафар сарбозон бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 2,5 ҳазор сазовори се ордени Шараф  ва миллионҳо нафар сарбозон сазовори се ордени Шараф ва миллионҳо ба гирифтани ордениу медалҳо сарфароз гардиданд.  500 нафар срабозони қаҳрамон бо тани худ шикофи истеҳкоми тирандози душманро пушонида, ҷони худро нисор намуданд. Яке аз чунин қаҳрамонҳо сарбози шӯҷои тоҷик, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Чутак Урозов буд. Зиёда аз  600 таран (ҳамлаи ҳавоии самолёт ба самолёт) ба ҷо оварад шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 260 ҳазор нафар сарбозон барои дифои Ватан корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Заҳматкашони водии Ғарм ба суратҳисоби сандӯқи ҳисоби мудофиа 236 ҳазор сӯм пули нақд, 2 миллиону 452 ҳазор сумина вомбаргҳо (заём) ва садҳо сентнер ғалла ирсол карданд. Раиси колхози 1-майи ноҳияи Қалъаи лаби об (ҳозира ноҳияи Тоҷикобод) Девлох Муҳадбеков 100 ҳазор сӯм барои схтмони самолёти ҷангӣ ва танку туп ба фронт сафарбар намуд. Барои ин иқдом ва ёрӣ ба Артиши Сурх  ба колхои 1-май ва роҳбари он аз номи Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталин раҳматнома фиристода шуд. Агар мо ҷанги байни давлатҳоро, махсусан ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ҷангҳои дохилӣ мукоиса кунем, ман фикр мекунам, ба ҷангҳои дохилӣ  даҳшатноктар ва вазнинтарин ҷанг ба ҳисоб меравад.  Тавре  медонем, чунин ҷанги дохилӣ ва бародаркушӣ, мутаассифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистони мо солҳои навадуми асри гузашта сар зада буд.

Мардум фикр мекарданд, ин ҷанг мисли давлати Афғонистони ҳамсоя, зиёда аз 10 сол боз идома дораду, мардуми бегуноҳи зиёде қурбон шуда, сатҳи иқтисодии индавлат дар сатҳи паст қарор дорад, дар Тоҷикистон низ чунин идома меёбад. Вале Худои таоло ба мардуми мо раҳмаш омада ба сари давлат марди оқилу доно, раҳмдилу дуцравндеш дар симои фарзанди шуҷои миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки мардумро ба сӯи Ваҳдату суббот ҳидоят ва роҳнамоӣ намуд. Ин марди бузург тавонист, ки бо ҷонсупориҳои худ сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмиро дар байни марддум амалӣ намояд.  Талошҳои шабонарӯзии ин фарзонамард имкон доданд, ки дар як муддати кутоҳ сулҳу суббот дар ҷумҳурӣ фароҳам омада, кишвари ҷангзада мунтазам ба сӯи рушду шукуфоӣ  расида, дар қатори давлатҳои амну мутараққӣ ҷой бигирад. Бо тавсияи раиси ноҳия бародарам Саидмурод кори хайре кард. Ба муносибати 75 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 62 нафар сарбози диловари ноҳияи Тоҷикобод, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода буданд, дар боғи марказии ноҳия бо ҳарфҳои зарин дар лавҳаи санги мармар номнавис шуданд. Бигузор фарзандону наберагон ва насли имрӯзу оянда номи онҳоро хонда, аз диловарии онҳо дарси мардонагӣ омӯзанд.  Дар хотима  суханони сарлашкари бузурги замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Г.К. Жуковро, ки дар ёдоштҳояш навишта буд, ёдовар шудан бамаврид аст, ки мегӯяд: – Мо агар дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ суханг ронем ва дар бораи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ И.В.Сталин ҳақиқатро рӯи коғаз наорем, ин аз рӯи адолат нест. Ман дар давоми зиёда аз чил соли бисёр асарҳои  ва ёддоштҳои нависандагони ҳамон давр, ходимони давлатӣ, маршалу генералҳоро ки бо Сарфармондеҳи Олӣ И.Сталин   сарукор доштанд, мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки нақши Сталин, хизматҳои ӯ  барои  ба даст овардани Ғалаба ниҳоят бузург аст. Дар он замони мушкил  ӯ 16-17 соат шабонарӯзӣ кор мекард. Танҳо соатҳои 3-4-и субҳ ба истироҳт рафта соатҳои 9-10 боз ба ҷои кор ҳозир мешудааст. Ин сабаб мешудааст, ки дигар роҳбарони давлат ва фармондеҳои ҷабҳаҳо  дар ин соатҳо дар ҷои кор қарор доштаинтизори занги Сарфармондеҳи Олӣ мешуданд. Агар мабодо доҳӣ телефон мекарду ягон роҳбареро дар ҷои кор пайдо намекард, оқибати кори он роҳбар ба хубӣ анҷом намеёфт. Сардори ситоди генералии Аррмияи Сурх дар солҳои 1942-1945 Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ А.М. Василевский дар китоби худ «Кори тамоми умр» менависад: – Ба гумонам, обрӯю эътибори Сталин, боварии халқва Қувваҳои мусаллаҳ  ба ӯ омили асосии ғалабаи мо  бар фашизм буд. И. Сталин дар таърихи ҳарбии ҷаҳон  дохил шуд. Хизмати ӯ аз он иборат аст, ки таҳти роҳбарии ӯ ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ  дар амалиётҳои  мудофиавӣ истодагарӣ карданд,  ва тамоми амалиётҳои ҳуҷумро бо мувафаққият гузароониданд. Вале вай чуноне ки манн мушоҳида кардам, ягон маротиба аз химатҳои худаш ҳарф намезад, ба ҳар ҳол ман нашунидаам.

Бо нишони эътиқод ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Сарфармондеҳи Олӣ манн тобистони соли 1984 расми калони И.В.Сталинро, ки аз чуби берёза сохта шудааст, аз вилояти Кемеровыи Федератсияи Россия оврада, онро ҳоло ҳам нигоҳ медорам. Ба пешвози 75-солагии Ғалаба манн ин расмро ба осорхонаи ноҳия месопорам. Албатта Сталинро барои таъқиботу репрессияи солҳои 1937-39 гунаҳгор мекунанд. Тирамоҳи соли 1956 дар ҷаласаи ХХ-уми Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Н.С. Хрущёв дар бораи шахспарастӣ ва оқибатҳои он нисбати Сталин маърӯза кард. Баъ аз ин ҷаласа ҷасади И.Сталин аз Мавзолей бароварда шуда, асарҳои ӯ аз байн бардошта шуданд. Вале аҷибаш ин аст, ки 24-июни соли 1945 баъди роҳпаймоии Ғалаба дар Майдони Сурх бо таклифи хаттии фармондеҳони ҷабҳаҳо ба Кумитьаи Марказӣ ба И.В.Сталин ҳамчун Сарфармондеҳи Олӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи Генералсимус дода шуд. Вале Сталин аз ин оташин шуда, ба масъулини ин иқдом гапҳои пасту баланд зада аз инг унвонҳо даст кашидааст. Танҳо 5 марти соли 1953 баъди вафоташ дар маросими дафнаш  костюм бо рутбаи генералсимус ва ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар тани вай пӯшонида шуд.

Ҳоҷимурод Ғафуров

        Ҷамшед Фозилӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code