ШАҲОДАТНОМАҲОИ РОЙГОН ДАР РӮЗИ ИДИ КӮДАКОН
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони Парастуи ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ, ки бо иштироки кӯдакону волидон доир гардид, аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кӯдакон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Зимни суханрониҳои табрикотӣ зикр гардид, ки ҳамасола дар ноҳия Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар фазои идона таҷлил мегардад. Чун анъана дар ин рӯз ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим мегарданд. Дар ҷамъомадҳо сухан аз ҳимояи кӯдакон ва таълиму тарбияи онон сухан меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои зиёде зоҳир намуда, баҳри тарбия ва парастдории кӯдакон ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муайян меандешад. Бунёд гардидани бинои дуошёнаи замонавӣ дар саҳни боғчаи бачагонаи шаҳраки Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо Сафорати кишвари Амрико натиҷаи ҳамкориҳои муфид бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад.
Дар суханронии мудири кӯдакистон Зебо Ҳимматова таъкид гардид, ки зиёда аз 100 нафар кӯдакони ноҳия дар бинои наву замонавии кӯдакистони «Парасту» фаро гирифта шуда, бо фароҳам омадани шароитҳои мусоид ҳамасола шумораи хоҳишмандон меафзояд.
Зимни суханрониҳои табрикотӣ зикр гардид, ки ҳамасола дар ноҳия Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар фазои идона таҷлил мегардад. Чун анъана дар ин рӯз ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим мегарданд. Дар ҷамъомадҳо сухан аз ҳимояи кӯдакон ва таълиму тарбияи онон сухан меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои зиёде зоҳир намуда, баҳри тарбия ва парастдории кӯдакон ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муайян меандешад. Бунёд гардидани бинои дуошёнаи замонавӣ дар саҳни боғчаи бачагонаи шаҳраки Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо Сафорати кишвари Амрико натиҷаи ҳамкориҳои муфид бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад. Дар суханронии мудири кӯдакистон Зебо Ҳимматова таъкид гардид, ки зиёда аз 100 нафар кӯдакони ноҳия дар бинои наву замонавии кӯдакистони «Парасту» фаро гирифта шуда, бо фароҳам омадани шароитҳои мусоид ҳамасола шумораи хоҳишмандон меафзояд.
Дар поёни чорабинӣ аз тарафи кӯдакон барномаи идонае таҳия гардида буд, ки хотири ҳозиринро болида гардонид.
Дар ин рӯз бо ибтикори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба теъдоде аз кӯдакон аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаҳои таваллуд ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Ба иттилои мудири Бахши мазкур Нодираи Маҳмадисо иқдоми мазкур бо дастурҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманд ва кӯдакони эҳтиёҷманд сурат гирифт.