ЁДИ РОҲИ ТӮЛОНИИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР

         Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод конференсияи илмию амалӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод  Маҳмадтоир Назризода ифтитоҳ намуда,  аз рӯзҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба таври муфассал суханронӣ намуд. Дар конференсия аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мирзомуддин Носирзода ва директори муассисаи таълимии №13 Суҳроб Ваҳҳобниё маърӯзаҳо қироат гардиданд. Дар  маърӯзаҳо доир ба роҳи пурмашаққати расидан ба сулҳу суббот, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ нуктаҳои  пурмуҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Аз ҷумла, раванди душвори гуфтушунидҳои сулҳ, сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ва  таҳияи суханони сиёсатмадорони ҷаҳон дар васфи Президенти Тоҷикистон басо ҷолибу муассир пешниҳод гардиданд.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барномаи мукаммали хешро таҳти унвони «Сулҳи деринтизори мо омад» пешкаши ҳозирин намуданд. Дар поёни чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанг Додарбеки Хунёгар ва Зайнаби Аҳмадҷон хотири ҳозиринро бо сурудҳои дилангез болида гардониданд.      Tojikobod tj.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code