МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ФАРҲАНГ»
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси интихоботию ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод доир гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Рамазонзода бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуд. З. Рамазонзода таъкид кард, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Музокирачиён аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба омӯзиш ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дар самтҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ҳизбии «Фарҳанг» пешниҳод шуд, ки ба хотири роҳандозии корҳои тарғиботӣ, ба аъзоёни ҳизб ва аҳли ҷомеа фаҳмонидани муҳтавои сиёсати Ҳукумати кишвар, масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии мамлакат, истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шаванд. Ҳизбиён фаъолияти ташкилотро дар нимсолаи якуми сол қаноатбахш ҳисобиданд.
Инчунин доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷониби аъзои раёсат қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Иштирокчиён нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»-ро барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ намуда, Миршоев Хайруллоро аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ, Сироҷиддин Маҳмудзодаро муовини раис, Қодирҷон Мансуровро котиби раис ва Акбарзода Назрвалиро аъзои раёсат интихоб намуданд. Tojikobod tj.