КӮМАКИ «ТОҶИКТРАНСГАЗ» ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН
Чун анъанаи нек ҳамасола бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ аз тарафи ташкилоту муассиса ва соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳо расонида мешавад.
Дар арафаи иди Қурбон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» ба як қатор оилаҳои ниёзманди ноҳияи Тоҷикобод дар шакли маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған кӯмак расонида шуд. Кӯмакҳои хайриявӣ тавассути раисони ҷамоатҳои деҳот ба оилаҳои ниёзманд расонида шуданд. Дар арафаи ид раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба аёдати оилаҳои мотамдор ташриф оварда, барояшон изҳори ҳамдардиву тасаллияти намуд.
Қобили зикр аст, ки дар ин муддат бархе аз соҳибкорони олиҳиммат ба хонаводаҳои камбизоат маводҳои гуногун, аз қабили орду равған ва биринҷ кӯмак намуданд. Инчунин бо ташаббуси раиси деҳаи Сафедмун Мустаон Ваҳҳобзода тавассути ташкилоти ҷамъиятии деҳа ба ду оилаҳои мотамдор ёриҳои назарраси пулӣ расонида шуд.
Ба итттилои Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ориф Иброҳимов ба 20 оилаи камбизоат ба андозаи 150 сомонӣ кӯмак карда шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби садақаҳои қурбонӣ дар деҳаи Фатҳобод, Қалъа ва Бустон аз ҷониби шахсони эҳсонкор чорвоҳои калон забҳ гардида ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда шуданд. Чунин кӯмакҳо дар дигар деҳаҳо низ сурат гирифтанд.
Дар Паёми шодбошии хеш Пешвои муаззами миллат ба муносибати иди Қурбон барҳақ иброз намуданд: – Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад. Tojikobod.tj