НИШАСТИ  МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

      Дастовардҳо дар аксар  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба назар мерасанд, зикр намуд, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ  бо журналистон доир ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия.

          Дар нишаст журналистон  бо саволҳои хеш ба баъзе аз масоилу мушкилоти ҳалталаби ноҳия мароқ зоҳир намуда, раиси ноҳия, муовинони раис ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо  ба саволу масъалаҳои пешниҳодшуда равшанӣ андохтанд.

  Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки ноҳияи Тоҷикобод асосан ноҳияи аграрӣ ба шумор рафта, майдони замини корами сохтори кишоварзии он ҳамагӣ 3022 гектарро ташкил мекунанд. Дар сектори аҳолӣ бошад, мувофиқи тавозуни замини ноҳия 1272 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки имсол дар ҳама заминҳои зикршуда зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуд. Дар ноҳия имсол тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишти картошка нисбати соли сипаришуда дар майдони 145 гектар зиёд карда шуд, ки ин дастоварди назарраси кишоварзон дар мавсими кишти имсола дониста шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия майдони картошказор ба  2067 гектар расонида шуд, ки 911 гектари он ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Майдони ғаллазор аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ 1141 гектарро ташкил дода, кишоварзон инчунин дар майдони 150 гектар сабзавот ва 84 гектар зироатҳои техникӣ кишт намуданд.

Ба раиси ноҳия хабарнигорон доир ба бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ, бозгардонидани қарзи ташкилоту муассисаҳо аз пардохти нерӯи барқ, норасоии ҷои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, ҳолати китобхонаҳо ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар рафти суҳбат зикр гардид, ки акнун дар ҳудуди ноҳия 12 адад коргоҳҳои хурди саноатӣ мавҷуд буда, ягона корхонаи калони саноатӣ –  заводи хишт, ки даҳсолаи охир аз фаъолият монда буд, аз нав барқарор карда мешавад.

             Аз ҷониби соҳибкорон ва ҷалби сармоягузорӣ коргоҳҳои истеҳсоли мизу курсӣ, истеҳсоли мошинолотҳои кишоварзӣ, коргоҳҳои истеҳсоли хиштҳои нақшин, истеҳсоли маҳсулоти собун  дар соли равон пурра ба фаъолият мепардозанд. Бобати рушди соҳаи сайёҳӣ зикр гардид, ки дар ноҳия се меҳмонхонаи замонавӣ фаъолият менамояд, ки барои қабули меҳмонону сайёҳон дорои шароити мусоид мебошанд.  Дар ин маврид доир ба имконияти бунёди инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати истифода аз манзараҳои зебои  мавзеҳои баландкӯҳ, аз қабили Кӯли сурх, Чашмаи шифобахши Гугирдон таклифу пешниҳодоти ҷолиб карда шуд.

Аз тарафи ташкилоти хайриявии Тоҷикистон бунёди 60 манзили истиқоматӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ дар соҳили дарёи Сурхоб барои муҳоҷирони экологӣ ва ниёзмандон, инчунин аз ҷониби ташкилоти байналмиллаии Каритас Швейтсария таъмиру таҷдид ва системаи гармидиҳии меҳмонхонаи маркази ноҳия ва интиқоли хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Тоҷикобод то соли оянда самараи  ҳамкориҳо бо шарикони рушд дониста шуд. Дар поёни чорабинӣ раиси ноҳия мулоқот бо хабарнигоронро  ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани мушкилоти ҷомеа ва инъикоси воқеъбинонаи онҳо, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мусоидат менамоянд, арзишманд арзёбӣ намуд.    Tojikobod.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code