Вохӯрии Раиси Парлумон бо фаъолони ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод
8 августи соли равон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар маркази ноҳияи Лахш бо фаъолони ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод мулоқот доир намуд.
Зимни он оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аҳамияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи душвори расидан ба ваҳдати миллӣ, беҳдошти рӯзгори мардум, болоравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таҳкими давлату давлатдорӣ, волоияти қонун ва дигар мавзуи доғи рӯз гуфтугу сурат гирифт.
Муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, инчунин роҷеъ ба қабули Конуститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, зарурати ворид намудани тағироту иловаҳо ба он, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, кумитаҳои он ва вакилони халқ ёдрас шуда, даъват намуд, ки сокинон кору фаъолияташонро бояд бо назардошти вазъи воқеии ҷаҳон, пуршиддат гардидани вазъи сиёсии сайёра, таҳдиди норасоии озуқаворӣ ба роҳ монанд.
Сипас, чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ, аз ҷумла сардабири нашрияи “Паёми Тоҷикобод” Баҳодур Абдусатторзода бо арзи сипосу миннатдорӣ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмин намудани амнияту осоиштагии сокинон, болоравии рӯзгори мардум ва ба органи олии қонунгузории мамлакат ҷиҳати қабули қарору қонунҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯй изҳори матлаб намуданд.
Дар мулоқот раисони ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод Файзулло Баротзода ва Қадриддин Фақерзода иштирок доштанд.