Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашъунамои нони дуюм изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кишоварзӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Тоҷикобод 9 августи соли равон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Носирзода Ҷаббор ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд. Аъзои гурӯҳ нахуст аз пули Ваҳдат то баромадгоҳи ноҳия аз заминҳои кишти шафати роҳи байналмиллалӣ дидан намуда, сипас ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварданд. Меҳмонон дар беморхонаи марказии ноҳия аз аҳволи беморони бистаришуда ва ҳолати хизматрасонии тиббӣ воқиф гардиданд. Зимни боздид аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар бинои беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ки бо маблағгузори Сафорати Ҷопон дар заминҳои беморхонаи марказӣ сохта мешавад, мароқ зоҳир намуданд. Қобили зикр аст, ки бинои мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Сипас гуруҳи корӣ ба мавзеҳои баландкӯҳи ноҳия, аз ҷумла аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Анваробод дидан намуда, бо кишоварзон ва мутахассисони соҳа суҳбат доир намуданд. Меҳмонон аз нашъунамои хуби картошка дар мавзеҳои баландкӯҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни боздид бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин бо кишоварзон маслиҳатҳои муфид дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар заминҳои хоҷагии мазкур имсол дар майдони зиёда аз 70 гектар картошка кишт карда шудааст.
Мувофиқи дурнамо аз ин мавзеъ аз 300 то 400 сентнерӣ ҳосил бояд ба даст ояд. Кишоварзони ноҳия имсол тибқи супориши Пешвои муаззами миллат ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзии ноҳия – картошка умдатан бо истифода аз заминҳои мавзеҳои баландкӯҳи мазкур ва мавзеи Регак майдони киштро то 200 гектар васеъ намуданд. Tojikobod.tj