БЕ ПИР МАРАВ, КИ ДАР БИМОНӢ
( Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз таҷрибаи собиқадорони ҳизб баҳра мебарад).
Бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти корӣ бо истифода аз таҷрибаи аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ бо истифодаи таҷрибаи ғании собиқадорон дар пешбурди фаъолияти корӣ бо иштироки собиқ раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хуҷумборов Илҳом, Рамазонзода Зулфиқор, Абдусатторов Баҳодур ва Шифоев Лутфулло суҳбати муфиду доманадор сурат гирифт. Зимни машварат собиқадорон аз таҷрибаи бои худ дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ба роҳбарияти нави ҳизб маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба масъалҳои муҳими дохилиҳизбӣ аз қабили фаъолияти вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, афзоиши қабул ба сафи ҳизб, супоридани аъзоҳақӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ муҳокима гардиданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи Обуна-2023 ба маҷалаи “Минбари халқ” ва дар асоси Барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12.08.2022, №16 ба тасвиб расидааст, чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабинҳои фарҳангиву идона бо иштироки фаъолону собиқадорони ҳизб дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шаванд.
Аз дастуру тавсияҳои собиқадорони ботаҷриба дар маҷлиси Кумитаи иҷроия ёдоварӣ шуда, баҳри фаъол намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва вусъати корҳои тарғиботӣ дар назди роҳбарони ташкилотҳои мазкур вазифаҳои мушахххас гузошта шуд.
Ҳамзамон атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои таблиғотӣ ҷиҳати муолиҷаву пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.
Дар машварат Ҳилолӣ Фозилзода ба роҳбарон- шахсони барӯманди диёр барои ташрифу маслиҳатҳои муфид изҳори сипос намуд.