ҶАШНИ ВОРИСОНИ СИНО ДАР ТОҶИКОБОД  

             18 августи соли 2022  бахшида ба– “Рӯзи кормандони тиб” дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид. Дар ҷашни табибон, ки ба ифтихори рӯзи мавлуди Абуалӣ ибни Сино ҳамасола дар ҷумҳурӣ доир мегардад, кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия ҳузур доштанд.

            Дар назди ҳозирин муовини соҳавии раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода ба сухан баромада, кормандони соҳаро аз номи раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос ба ифтихори рӯзи касбиашон  шодбош гуфт. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки  дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муассисаҳои тандурустии ноҳия  рушд намудаанд.  Таи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ,  маркази бемориҳои сил, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳоти дуру наздик, Маркази саломатии замонавӣ дар шаҳраки Тоҷикобод ва бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ муҷаҳҳаз гардидани муассисаҳои мазкур исботи ин гуфтаҳост.  Ҳамзамон дар саҳни беморхонаи марказии ноҳия бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, бунёди чунин шуъба дар Ҷамоати деҳоти Нӯшор бо дастгирии шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст.

           Мавриди зикр аст, ки  дар давоми соли сипаришуда    муассисаҳои тандурустии  ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи  ҳашт миллион сомонӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ренгени рақамӣ  дастгоҳи ултрасадо, дастгоҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, катҳои реаниматсионӣ, маниторҳои назоратӣ, дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳои барқии сабти кори дил ва дигар таҷҳизотҳои муосири тиббӣ    таъмин карда шуданд. Дар давоми  6-моҳи  2022 сол бошад, ба   муассисаҳои тандурустии   Тоҷикобод ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, аз қабили стансияи таввлидкунандаи оксиген, генератори барқӣ, нақлиётҳои ҳозиразамони ёрии тиббӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ ворид гардиданд.

     Дар чорабинӣ ба сартабиби беморхонаи марказӣ Насимҷон  Шарифов   Нишони сарисинагии Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба  роҳбари муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия  Маъруф Саидхоҷаев Ифтихорномаи фахрӣ ва ба бархе аз  кормандони фаъол нишони сарисинагии    “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва ифтихоромаю сипоснома супурда шуд.  Инчунин аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  Бахши ҷавонон ва варзиш  як зумра кормандони фаъол дар лаҳзаҳои тантанавӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Тавре муовини раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода таъкид намуд, кормандони мазкур бояд ба қадри ин қадрдониҳо расанд ва ба аҳолӣ хизмати шоиста намоянд.

Қобили зикр аст, ки яке аз умдатарин мушкилоти соҳаи тандурустӣ дар ноҳия набудани беморхонаи бисёрошёнаи муосир мебошад, ки ба иттилои сартабиб бояд соли равон ба оғози он   санги асос гузошта шавад.

Дар поёни чорабинии тантанавӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия  бо суруду таронаҳои дилангез хотири аҳли толорро  болида намуданд.              

         Дар арафаи   рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ табиби ҷавон ва шафиқу кордон Диловар Заробиддинзода (Тақдиров) ба вазифаи директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиди бемориҳои ВНМО-и ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид. Ҳамкасбон ба Диловар барору комёбиҳо таманно намуданд.
           Падари Диловар, шодравон Баҳодур Тақдиров табиби мушфиқу шинохтаи диёр буда, то солҳои наздик вазифаи сардухтури беморхонаи ноҳияро ба дӯш дошт.     Tojikobod tj.

     Маърузаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Шарифов Насимҷон бахшида ба рузи кормандони соҳаи тиб-18 августи соли 2022

                 Муҳтарам раис, ҳозирини гиромӣ!          

               Санаи 18-уми август ҳамасола дар саросари кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки дар ноҳияи Тоҷикобод  иди касбии табибон таҷлил  карда мешавад, махсус зикр намудан ба  маврид аст, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣва хифзи ичтимоии ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон ва   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар се соли охир соҳаи тандурустии ноҳия дар самти сохтани иншоотҳои ҳозиразамони тибби, муҷаҳҳазгардонии муаассисаҳои тандрустии ноҳия бо таҷҳизотҳои тиббӣ, тайёр намудани мутахасисони тибби, таъмир   ва  азнавсозии иншоотҳои тандурустӣ   бо суръати баланд рушд намуда истодааст. Мавриди зикр аст ки   дар давоми соли 2021   ба   муассисаҳои тандурустии  ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи  ҳашт миллион сомонӣ  таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, аз қабили ренгени рақамии  ҳозиразамон, дастгоҳи ултрасадои доплердор, дастгоҳои нафасдиҳии сунъӣ, огсигенраторҳо, катҳои функсионалӣ, катҳои реаниматсионӣ, маниторҳои назоратӣ, дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳои барқии сабти кори дил ва дигар таҷҳизотҳои муосири тиббӣ    ворид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Дар давоми  6-моҳи  соли 2022  ба  ба муассисаҳои тандурустии   Тоҷикобод ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, аз қабили стансияи таввлидкунандаи оксиген, генератори барқӣ, нақлиётҳои ҳозиразамони ёрии тибби  ва дигар таҷҳизотҳои тибби ворид гардидаанд. Сохтмони шуъбаи сироятии дорои  таҷхҳизотҳои муосири тиббӣ дар марҳилаи  анҷомёбӣ карор дошта дар арафаи чашни 31-солагии истиқлолияти давлатии ҷумхурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ карор дода мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ноҳияи мо ворисони ҳақиқии   Аллома, ҳакими Машриқ замин Абӯалӣ ибни Сино   умри пурбаракати хешро сарфи хизмати халқ   намуда, на танҳо дар водӣ, балки дар миқёси ҷумҳурӣ  шинохта гардида, то имрӯз номи ин абармардон дар ёди мардум боқӣ монда, ҳаррӯза ба некӣ аз онҳо ёд мекунанд.  Табибони шинохта ба монанди шодравон Маҳмад Саломов,  Заробидин Тағдиров, Шумқор Мулоҷонов, Маъдихуҷа Мизораҳматов, Сайдумрон Абдураҳмонов,  Сайдғуфрон Ибронов, Назрвалӣ Файзулоев, Олга Николаевна  то охири ҳаёт дар лаҳзаҳои вазнин дар нигоҳдории  солими ҷомиа хизмати шоиста намудаанд. Заҳматҳои аксари онон  бо мукофотҳои “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидаанд.  Руҳашон шод ва манзили охираташон обод бод. Боиси ифтихор аст, ки  дар соҳаи тандурустии ноҳияи Тоҷикобод собиқадорони меҳнат, устодони азиз ба монанди Атохуҷа Ғафуров, Абдулҳақ Абдулхайров, Меҳринисо Баҳромова, Ҳомидҷон Мирзораҳматов, Гулмурод  Бедимоғов,  Абдулло Абдурасулов, Раҳматуло  Саъдулоев  солҳои тулонӣ дар водӣ ва миқёси ҷумҳурӣ шинохта гардиданд.

Мо ҷавонон аз таҷриба ва дониши онҳо дар табобати беморон ва рушди ояндаи соҳаи тандурустии ноҳия   ҳаррӯза истифода  бурда, бо тавсия  ва  дастгирии   пирони  рузгордида   соҳаи тандурусти ноҳия ба дастовардҳо  назарас ноил гардидааст. Натиҷаи меҳнати шабонарузӣ ва содиқонаи ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ,  бахусус дар мубориза бар зидди вабои аср – бемории Ковид – 19 буд, ки дар се соли охир 2-нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз тарафи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардида,  4-нафари дигар   аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони соҳавии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва даҳҳо  нафари дигар бо сипоснома ва ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз ва қадрдонӣ гардидаанд.  

           Бори дигар аз номи   маъмурияти беморхонаи марказӣ шумо   ва дар симои шумо ҳамкасбони азиз тамоми кормандони соҳаи тандрустии ноҳияро ба иди фархундаи касбӣ – Рӯзи кормандони тиб  сидқан табрик ва муборакбод менамоям.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code