Бобати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 ва дар ин замина иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, /АП 321 тасдиқ гардидааст, нақша чорабиниҳои ноҳиявӣ ва гурӯҳи тарғиботӣ бо қарори дахлдори раиси ноҳия таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Имрӯзҳо чун тамоми кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод низ Паём бо шавқу завқи зиёд мавриди омӯзиш қарор ёфта, вазифаю нақшаҳо барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин ҳуҷҷати роҳнамою ҳидоятгар таҳрезӣ гардиданд.
Бо ин мақсад бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, Сардори шуъбаи амният муҳтарам Зафарзода Фарух, Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ муҳтарам Хайрулозода Меҳриддин, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори ноҳия муҳтарам Маҳмадаминзода Тоҷиддин, Судияи суди ноҳия муҳтарам Садриддинзода Талабшоҳ ва Комисари комиссариати ноҳия муҳтарам Худоёрзода Маҳмадсодиқ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Нӯшор суҳбату вохуриҳо доир гардида, муҳтавои нуқтаҳои асосии Паём ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code