Ҳамдиёрони азиз!
Чун анъанаи ҳарсола 23 феврал дар кишварамон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати тамом ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз танҳо иди сарбозону афсарон, ҳайати ҷузъу томҳои ҳарбӣ набуда, иди тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Зеро ҳимояи давлат, ҳифзи Истиқлолият ва тамомияти марзу буми Ватан ба души Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, Артиш аз ҳисоби фарзандони шуҷоъу далер ва ватандӯст ташаккул меёбад. Имсол соли махсус аст, зеро аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоxикистон 30 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи мардуми сарбаланди ноҳияамонро ба ҷашни 30-юмин солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
30 сол барои бунёди Артиши тавоною озмоишдида муҳлати кутоҳ аст, вале давлати мо зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин xодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашт ва ин, албатта, самараи хизмати софдилонаю содиrонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз базаи ҳарбии давлати пуриқтидори Шӯравӣ ягон мерос нагирифт ва ҷузъу томҳои Артиш зери хаймаҳои саҳронишин бе яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ созмон дода шуданд».
Артиши ҷавони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як ҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузошт.
Тайи 30 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоиши шадид гузаштанд ва ҳоло ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтанд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи Истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст».
Имрӯз Тоҷикистон кишварест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони ба нангу номус, родмардони шуҷоъи Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон, хоинони миллат гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амонӣ тараннум хоҳад кард.
Дӯстони азиз!
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан, уҳдадорӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва онҳо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзанд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ҳар маъракаи даъват ҷавонони ғаюру бо шуҷоати ноҳияамон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, хизмати Ватан-Модарро бо сарбаландӣ адо менамоянд. Солҳои охир сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ афзудааст, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад. Ба номи волидайн, ниҳодҳои дахлдори ноҳиявӣ мунтазам аз қисмҳои ҳарбӣ доири хизмати садоқатмандонаи аскарбачаҳои тоҷикободӣ Сипоснома ва Ифтихорномаҳо мерасанд, ки мо аз ин ифтихор дорем.
Дар қиёс нисбат ба солҳои пешин шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ хеле беҳтар шудааст. Бисёр падару модарон аз ноҳияи мо ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, ба ҷараёни хизмати фарзандонашон ошно шуда, аз шароити хуби он нисбат ба Пешвои миллат ва ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар рӯзҳои ид ва чорабиниҳо ба дидорбинии сарбозони машғӯли хизмат дар rисмҳои ҳарбии ноҳияҳои Рашт ва Лахш рафта аз лиҳози таъмини маводи хӯрока ва дигар ёриҳои моддӣ ҳисса мегузорад.
Гузаштагони мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар муҳофизати Ватан ва ҷонфидоӣ бо номи Ватан медиданд, баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш мардона мубориза бурданд.
Ба чеҳраи бовиқори ин ҷавонони боғайрати диёр, ки дар толор нишастаанд ва дар даъвати баҳорӣ азми рафтан ба хизмати ҳарбиро доранд, назар дӯхта, вуҷуди касро ҳисси ифтихору сарбаландӣ фаро мегирад. Аз он сарфарозем, ки насли имрӯзи ҷавонмардони ноҳияи Тоҷикобод анъанаҳои аҷдодони бошараф ва қаҳрамони хешро пос медоранд.
Ҳодисаҳои мудҳише, ки рӯзҳои 14-17 сентябри соли гузашта бо амали таҷовузкоронаи давлати ҳамсоя дар марзи Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, собит намуд, ки Артиши миллии тоҷик қавию шикастнопазир буда, сарбозони шуҷои он барои аз даст надодани ҳар порча замини Ватани хеш ҷоннисорию қаҳрамонӣ менамоянд. Дар набардҳои хунини марзӣ ҷавонмардони ноҳияи Тоҷикобод низ ҷасорату қаҳрамонии бемисл нишон доданд. Барои тақвияти гуфтаҳои хеш аз қаҳрамонии сарбозон – фиристодаҳои ноҳияи Тоҷикобод Оқилҷон Одиназода ва Исмоил Салоҳов мисол меорам, ки дар марзи Исфара бар зидди душман мардона ҷангиданд.
Одиназода Оқилҷон сокини деҳаи Сафедмун, сарбози неруҳои марзбонии кишвар рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Исфара бар зидди душмани паймоншикан мардона ҷангид ва аз тири душман ҷароҳати вазнин бардошт, вале сангари худро тарк накард. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дошт ва рeзи 15 ноябри соли гузашта бар асари ҷароҳати гирифта дар яке аз беморхонаҳои пойтахт аз олам гузашт.
Оқилҷон мояи ифтихори натанҳо деҳаи Сафедмун, балки шоистаи ифтихори тамоми мардуми ноҳияи Тоҷикобод мебошад. Ӯ дар корзори ҷанг барои ҳимояи Ватан қурбон шуд ва барои насли ҷавон корномаи вай мисоли ибрат аст. Қаҳрамонон намемиранд, онҳо дар дили мардум ҳамеша зиндаанд.
Фарзанди дигари шуҷои ноҳия, зодаи деҳаи Зафаробод Исмоил Салоҳов низ ҳамчун сарбози неруҳои марзбонии кишвар дар задухӯрдҳои марзи Исфара ширкат варзида, ҷароҳат бардошт. Исмоил баъди табобат боз ба қисми ҳарбӣ баргашта ҳоло хизмати Ватанро адо намуда истодааст.
Се соли охир нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар як рeз ва барзиёд ба иҷро расонда мешавад. Ин аст, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ноҳияи пешсаф дар мамлакат унвонии роҳбарияти ноҳия Сипосномаҳо мерасанд. Ба ҳамаи падару модарон, комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, комиссияҳои сафарбарӣ ва тиббӣ ва умуман ҳамаи онҳое, ки дар ин дастоварди ноҳия ҳисса гузоштанд, миннатдории самимӣ баён менамоям. Чанд соли охир ҳиссаи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ дар иҷрои нақшаи даъват тавассути чорабиниҳои тарғиботӣ назаррас мебошад. Аз фурсат истифода бурда ба роҳбарият ва кормандони ин ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ миннатдорӣ изҳор менамоям. Боварӣ дорам, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо ҳамин равиш ҷавонони далери ноҳия ихтиёран ба хизмати Ватан раҳсипор мегарданд ва иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин мегардад.
Дар ноҳия оилаҳои намунавие ҳастанд, ки барои ба хизмати ҳарбӣ гусел намудани фарзандон ташаббус нишон медиҳанд. Гунаи мисол аз оилаи омӯзгор, сокини деҳаи Миразиён Саидризвон Бурҳонов ва аз оилаи шодравон ҳусниддин Шамсиддинов аз деҳаи Дараи Нӯшор панҷ нафарӣ писарон хизмати ҳарбиро адо намуданд. Ҳамин гуна суханони некро нисбати падарони ватандӯст Ғайрат Одинаев аз деҳаи Шарқиён, Искандар Абдушаидов аз шаҳраки Тоҷикобод ва боз чанднафари дигар оварда метавонем, ки се нафарӣ фарзандонашон бо ташвиқи волидайн ихтиёрӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд.
Чӣ хуб аст, солҳои охир бо ҳидояти волидайн фарзандони мансабдорон низ хизмати ҳарбиро ихтиёр менамоянд. Фарзанди раиси ноҳия хизмати сарбозиро баҳори соли гузашта ба итмом расонда ба зодгоҳ баргашт. Феълан писарони сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Меҳриддин Хайруллозода, мудири шуъбаи маориф Аминҷон Сайдакрамзода, роҳбарони Муассисаҳои таълимӣ Хайрулло Саъдуллоев, Сироҷиддин Нуров, Саймурод Раҳимов, Толиб ҳокимов, Абдурауф Баллаев, Сайдвалӣ Абдусатторов, Сулаймонов Зафар, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия Қобилҷон Исмоилов, директори бойгонии байниидоравӣ Мирзовалӣ Давлатшоев, раиси деҳаи Сафедмун Мустаон Ваҳҳобов дар қисмҳои гуногун сарбаландона хизмати Ватанро пеш мебаранд. Панxсолаи охир соҳибмансабон Маҳмадтоир Назризода, Лутфулло Шифоев, Зебо Ҳимматзода, Файзинисо Абдусатторова, Саломуддин Кобулиев. Абдураҳим Шарофов, Суҳроби Ваҳҳобниё фарзандонашонро ба хизмати ҳарбӣ гуселонида, баъди адои хизмат сиҳату саломат ба диёр баргаштанд.
Аскарӣ ба xуз адои қарзи шаҳрвандӣ, мактаби хуби xавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар, нону намак, обу насими форами зодгоҳ аст. Дар адои хизмати сарбозӣ ба наваскарони диёрамон сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бордбориву сарбаландӣ орзумандам. Xавононе, ки хизмати ҳарбиро ихтиёр намудаанд бо xасораташон қаҳрамонони рeзҳои мо ба шумор рафта, натанҳо мояи ифтихори волидайн. деҳа ва ноҳияи хеш, балки шоистаи ифтихори Ватани маҳбубамон Тоxикистон мебошанд.
Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовид бошад. Таманнои онро дорам, ки Артиши миллӣ ҳамеша пойдор ва родмардони Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон содиқ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон бошанд.

Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code