Имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 30- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ доир гардид.

Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт.

Раиси ноҳия қайд карданд, ки Артиши миллӣ бо ташаббус ва заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 уми феврали соли 1993 таъсис дода шуда, имрӯз яке аз артишҳои неруманди минтақа ба ҳисоб меравад.

Қайд шуд, ки Артиши миллӣ дар зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, шароит дар он рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.

Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос изҳор доштанд, ки бо шукргузори аз сиёсатҳои хирадмандона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият ёфта, тули солҳои охир дар ноҳия нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як рӯз барзиёд иҷро гардида истодааст.

Пасон Комиссари ноҳия вобаста ба таъсисёбии Артиши миллӣ баромад намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандону собиқадорони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва туҳфаҳо аз ҷониби раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code