Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос як қатор корҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Бо ҳамин мақсад дар толори Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки муовинони раиси ноҳия Мансурзода Қодирҷон Темур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва намояндаи шуъбаи маориф бо омӯзгорон ва донишҷуёни литсей Конференсияи илмӣ-назарявӣ доир гардид.
Маҷлисро директори литсей оғоз намуда, вобаста ба таҷлили 30 солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳ баромад карданд.
Дар фарҷом донишҷуёни фаъоли литсей бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code