Имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимҷон Маҳмадҷонзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, муовин ва мушовири Директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва ҷамъи меҳмонону сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гашт.
Сараввал намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳия, ва ҷамъи ҳамроҳонашон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, сипас бо ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд вохӯри намуданд.
Баъдан Раиси ноҳия ва намондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Инчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба меҳмонон ва сокинони қаторӣ, ки дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия саҳм гузоштанд бо Сиплсномаҳо ва Ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Пас аз фарҷоми чорабинии тантанавӣ, қисматҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аз қабили гуштини миллӣ пешкаши тамошобинон гардид.