10-уми июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтим­оию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2023 баргузор га­рдид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якум, муо­винони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Ра­иси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои деҳот, Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар нафарони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ма­ҷлиси фаъолони ноҳияро ҳусни оғоз бахшид ва сипас, муовини раиси ноҳия Мансурзода Қодирҷон оид ба нат­иҷаҳои фаъолияти хоҷ­агии халқи ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2023 баромад намуд.
Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз фаъолияти як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсон шуда, ба масъулин бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Қайд карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани да­стуру ҳидоятҳои Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ми­ллат, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба нишонди­ҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бу­рда истодаанд. Сокин­они шарафманди ноҳия бо масъулияти бала­нди ватандӯстиву худ­шиносии миллӣ дар са­мти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии хал­қ, пешбурди ҳаёти иҷ­тисодиву иҷтимоӣ, си­ёсиву фарҳангӣ, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои наза­ррас ноил гардиданд.
Дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қ. А. доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда, барои ислоҳи онҳо масъул­инро вазифадор наму­данд. Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва фароҳам овардани ҷо­йҳои нави корӣ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани ҳосили ху, корҳои ободонию соз­андагӣ, таъмири роҳҳ­ои дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмини босифати барқ, иҷрои саривақтии нақ­шаи андоз, ҷалби са­рмояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тан­дурустӣ ба кор, пеш­гирии ҷудошавии оила­ҳо ба масъулин супор­ишҳо дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code