Имрӯз мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва доираи васеъи намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз нақшу аҳамияти матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа зикр намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Дар рафти нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, изҳори умед намуд, ки ҳамкории судманди намояндагони воситаҳои ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи баланди сиёсӣ, фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафовут баргузор гардид.