Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия конференсия ва мизҳои мудаввар баргузор гардидаистодааст.
Дар иртибот ба ин имрӯз бо иштироки муовини соҳавии раиси ноҳия Гадозода Меҳринисо ва кормандони соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.