Бо мақсади амалӣ гардонидани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” Шӯрои байни идоравӣ ҷиҳати баррасии самти фаъолияти як қатор шуъба ва бахшҳои дахлдор, Марказҳои саломатӣ ҷиҳати ташаккул додани тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ аз ҷониби муовини соҳави Гадозода Меҳринисо мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Аз тарафи директорони Марказҳои соҳаи тандурустӣ масъалаҳои пешгирии бемориҳои ВНМО, СИЛ, солимии репродуктивӣ ва танзими оила, пешгирии таваллуди хонагӣ, ва дигар бемориҳо таҳлилу барраси карда шуд.
Бо мақсади беҳбуд бахшидани самти фаъолияти марказҳои саломатӣ дарёфт ва муолиҷа намудани бемориҳо хосатан бемориҳои сироятӣ аз тарафи муовини соҳавӣ тавсияҳои муфид дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code