ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР.

Аз замонҳои қадим то ба имрӯз, аз нахустин давраҳои рушду такомули худ, аҳли ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад ва ҷинояткорӣ дар афкори мардум ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳо солҳои охир ба хатарҳои нави ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шудааст.
Ин масъала омилҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои пайдошавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти ғайрирасмии иддае аз наврасону ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динию мазҳабии кишварҳои хориҷ мебошад. Бояд гуфт, ки ин равандҳо дар солҳои 90-уми асри гузшта ва айни носуботиҳои дохилии кишвар вусъат пайдо намуда буданд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон кудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти ба амаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардида ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зуроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушоянд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстримистӣ, аз ҷумла, аъзои ҲНИТ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Онҳо пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва таввасути онҳо ба фикри амалӣ намудани максаду мароми худ ҷалб менамуданд. Барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ онҳо аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебурданд.
Маҳз барои пешгирӣ аз ташаккули заминаҳои тамоюли аҳоли ба афкори хурофотпарастию экстремиистӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мавқеи ҷиддию устувореро пеш гирифтааст. Барои пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ҳамчунин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятноку калиди эълон гардида, маблағгузории соҳа сол то сол меафзояд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидатӣ ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон максадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Максади аввалиндараҷаи террористон ва зуҳуроти терроризм ин халалдор сохтани амнияти мардум, давлату Ҳукумат, тарсонидани одамон бо роҳи зӯроварӣ, инфиҷору интиҳор, воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин омилҳои ифротӣ фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад”.
Бояд дарк кард, ки ҳадаф аз амалҳои терорристӣ, қабл аз ҳама, хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Боиси нигаронии амиқ аст, ки ташкилоти террористию экстремистии наҳзат бо суистифода аз номи поки дин мехоҳад, ки дар тафаккури ҷомеа тарсу даҳшатро ҷой кунад ва барои ҳадафҳои худ заминаи мусоид пайдо намояд.
Дар шароити кунунӣ ва авҷи ихтилофоти мазҳабии чаҳон бояд миллати тоҷик ҳар як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарманшаи кори худ карор дода, зиракии сиёсиро ҳифз кунад. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳони тараккӣ меёбад ва асри 21-ро “асри илм” меноманд, насли чавон бояд маърифати сиёсию фарҳангӣ ва тафаккури технологии худро таквият бахшанд. Барои гумроҳу фирефтаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо нашудан бояд дар фазои орому осоиштаи ин диёри биҳиштосо илму дониш омӯхт. Маҳз илму маърифат аст, ки боис мешавад то мардуми мо дар фазои амну осоишта зиндагӣ кунанд ва рушди минбаъдаи кишварро ба хотири наслҳои оянда таъмин созанд.
Зимнан, моро зарур аст, то фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа тавсия бахшем, ки ин дар навбати худ имкониятҳои моро дар муковимат ба зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “ Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳаммулгарову тундгаро буда наметавонад. Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеч ваҷҳ сиёсати меъёрҳои дугонаро намепазирад”.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои тундрав ва ифротгаро ин тарбияи маънавии ҷавонон, тарғиби чаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ ба шумор меравад. Ин амал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ ва олии касбӣ бо гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ, варзишӣ ва монанди онҳо амал карда мешавад. Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ, ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод ба ватани мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем. Зеро чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштааст, маҳз наврасону ҷавонон он неруи тавонои кишваранд, ки; “марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд”
Ҳамин тарик дар шароити кунунӣ авҷи ихтилофоти мазҳабии ҷаҳон бояд миллати тоҷик ҳар як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарманшаи кори худ қарор дода, зиракии сиёсиро ҳифз кунад.
.

Директори муассиса Хуҷумборов Д

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code