Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ инчунин собиқадорону кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оғоз намуда, тамоми аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин рӯзи фархунда табрик ва муборакбод намуд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлол ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки маҳс бо дастгириҳои бевосита ва тавваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешмои муаззами миллат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба яке аз қувваҳои бузурги ҳарбӣ табдил ёфта шарту шароити сарбозон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодаст.
Қайд гардид, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ аз ноҳия солҳои охир нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар як рӯз ва барзиёд таъмин намудаистодааст, ки ин ҳама далели гуфтаҳои болост.
Ҳамчунин иброз доштанд, ки итминони комил дорам, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳия даъвати баҳориро низ мисли даъватҳои пешин бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ дар як рӯз ва барзиёд таъмин менамоянд.
Пасон Комисари ноҳия Акбарзод Фирӯз Сайдхоҷа вобаста ба иқтидорҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дастовардҳои замони истиқлол аз ҷумла нақши Пешвои муаззами миллат дар таъсис ва рушди Артиши тоҷик баромад намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳа ва дигар шахсони мутасадӣ бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроия сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code