Бо мақсади иҷроии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Точикобод даври нохиявии фестивали чумхуриявии “Сад ранги чакан” дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нохия баргузор карда шуд.
Фестивали мазкур бо иштироки муовининони раиси ноҳия, шуъба ва бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо баргузор гардида, дар он шумораи зиёди занону духтарон бо беҳтарин намоишҳои либосҳои миллӣ ширкат варзиданд.
Максад аз баргузории фестивали мазкур баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арч гузоштан ба анаъанаҳои либоспушии миллӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва фаъолони фестивал бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои раиси ноҳия аз ҷониби комиссия ва муовинони раиси ноҳия сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code