Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ дар хонаи фарҳанги ҷамоат бобати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастуру супоришҳо аз Маҷлиси Ҳукумат доир гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ба сокинон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуданд, шарҳ доданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба нуктаҳои муҳими Паём, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ дар ҳар як деҳа, омодагии ҷидди дидан ҷиҳати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал ва оғози корҳои кишоварзӣ аз ҷумла кишти картошка, самаранок ва мақсаднок истифода намудани ҳар як ваҷаб хоки замин ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон андешаҳои судманд сурат гирифт.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос дар фарҷом илова намуданд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки дар пайи таълиму тарбияи дурусти фарзандон бошем ва онҳоро дар роҳи эҳтиром ба якдигар ва ватандӯстиву ватанпарварӣ ба воя расонем. Хизмат ба Модар-Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарз аст. Бояд ҳар як ҷавон баҳри адои хизмат, ҳимояи марзу бум масъулу содиқи Ватан бошад.
Ҳозирин аз баргузории чунин як вохӯрии судманд таассуроти хуб бардошта, бо шукургузорӣ аз фазои орому осоишта, сиёсати хирадмандонаву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ҷавобан ба ин ваъда доданд, ки беш аз ҳар вақта дар татбиқи сиёсатҳои ғамхорона ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, дар рушду нумуи диёри хеш саҳмгузор мебошанд.