21 марти соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, мушовири Директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”ва ҷамъи меҳмонону сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гашт.
Сараввал намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳия, ва ҷамъи ҳамроҳонашон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, сипас бо ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд вохӯри намуданд.
Баъдан Раиси ноҳия ва намондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Пас аз фарҷоми чорабинии тантанавӣ, қисматҳои фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардид, ки ба рӯҳи иштирокдорон руҳи болида бахшид.