Главная страница Форум Сиёсати сулҳпарварона ва фазилати инсонпарваронаи Пешвои миллат .

В этой теме 0 ответов, 1 участник, последнее обновление  tojikobod press 1 год, 10 мес. назад.

  • Автор
    Сообщения
  • #5659

    tojikobod press
    Модератор

    Давлат ҳамчун ниҳоди муҳимми сиёсӣ дар ҷомеа мақоми хосса дорад ва ба сифати меҳваре баромад мекунад, ки ҳаёти одамонро низом бахшида, ҷомеаро баҳри расидан ба мақсад роҳнамоӣ менамояд. Файласуфи бузург Ибни Халдун дар тавсифи давлат фармудааст: – «Ҷаҳон бӯстонест, ки девори он давлат аст ва давлат қудратест, ки бад- он дастур ё суннат зинда мешавад ва дастур сиёсатест, ки салтанат онро иҷро мекунад…»[3,115]. Аз ин нуктаи назар, давлат ниҳоди қудратмандест, ки бояд тавассути сиёсат ва сарвари оқил идора карда шавад. Идоракунии давлат бар пояи сиёсати ҳадафмандона ва дақиқ тарҳрезишуда ҷомеаро ба саодат мерасонад. Арасту сиёсатро дар маънои этимологии он «санъати идоракунии давлат» номидааст. [4,38-52] Тавсифи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатдорӣ ва идоракунии он фаъолияти густурдаи ба арзишҳо ва донишҳо, маҳорат ва истеъдод асосёфта ё худ санъатро тақозо менамояд.
    Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои дигаргунии кулли дар собиқ давлати ИҶШС бо номи “бозсози ” сар шуд, ки оқибат ба пошхӯрии давлати шӯравӣ оварда расонид. Дар ин давра баъзе ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави ба осонӣ ва озодона бо роҳи демократӣ ва баъзеяшон бо паси сар кардани баъзе монеаҳои расмӣ мустақил шуда бошанд,тоҷикон дар ин ҷода роҳи мушкил, тӯлони ва хунинеро паси сар намуданд. Аз рӯзҳои аввалини истиқлолият ба даст овардан дар ҷумҳурӣ қувваҳое пайдо шуданд, ки бо ҳар роҳ кӯшиши менамуданд соҳиби мансабу ҳокимият шаванд. Демократияро ба таври худ ва ба манфиати худ шарҳу эзоҳ медоданд.Дар байни як миллат муноқишаҳо оғоз гардиданд, ки ин ҷиноятнокии муноқишаи тоҷикон дар худ омилҳои динӣ, миллӣ, идеологӣ ва қавмӣ доштанд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ ҷанги мудҳиши бародаркушӣ шаҳрвандӣ оғоз гардид. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арафаи пора шудан ва миллати тоҷик дар арафаи нест шудан қарор дошт.Чӣ хеле ки мутафаккирон, сиёсатмадорон қайд мекунанд давлат ҳамчун ниҳоди муҳимми сиёсӣ дар ҷомеа мақоми хосса дорад ва ба сифати меҳваре баромад мекунад, ки ҳаёти одамонро низом бахшида, ҷомеаро баҳри расидан ба мақсад роҳнамоӣ менамояд. Файласуфи бузург Ибни Халдун дар тавсифи давлат фармудааст: «Ҷаҳон бӯстонест, ки девори он давлат аст ва давлат қудратест, ки бад- он дастур ё суннат зинда мешавад ва дастур сиёсатест, ки салтанат онро иҷро мекунад» [1,115]. Аз ин нуктаи назар, давлат ниҳоди қудратмандест, ки бояд тавассути сиёсат ва сарвари оқил идора карда шавад. Идоракунии давлат бар пояи сиёсати ҳадафмандона ва дақиқ тарҳрезишуда ва сарвари шуҷоъу далер ва хирадманд ҷомеаро ба саодат мерасонад. Арасту сиёсатро дар маънои этимологии он «санъати идоракунии давлат» номидааст. [2,38-52]. Тавсифи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатдорӣ ва идоракунии он фаъолияти густурдаи ба арзишҳо ва донишҳо, маҳорат ва истеъдод асосёфта ё худ санъатро тақозо менамояд. Дар чунин шароити вазнин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба сарваре ниёз дошт, ки дар роҳбарӣ ва идоракунӣ маҳорат ва истеъдоди баланд дошта бошад.Чунин сарвари ҷасуру нотарс ва хирадманд ёфтан дар он давра хеле вазнин буд. Дар чунин вазъияти вазнин ва хеле хатарнок роҳбарияти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомали Раҳмон афтод.Воқеияти замони интихоби мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамчун сарвари давлат чунин буд, ки мардум ба оянда чандон эътимод надоштанд. Аз ин рӯ, бисёр олимон ва ходимони маъруфи ҷамъиятӣ ва онҳое, ки пеш аз ҷанг дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, барои пазируфта шудан ба узвияти ҳукумати нав розӣ набуданд.Баъзеҳо дар бораи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат пешгӯиҳои ноумедона доштанд, зеро нимаи аввали солҳои 90-ум дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи тағйирёбии зуд-зуди ҳукуматҳо маъруф аст. Аз он ҷумла, дар давоми соли 1992 ду Президент ва панҷ Ҳукумат иваз шуда буданд.Аммо, бар хилофи пешгӯиҳо ва интизориҳои ноумедон ва душманон, роҳбари нав устувории хосса нишон дод ва тавонист мавқеи ниҳоди сарвариро мустаҳкам кунад, ҷомеаро муттаҳид созад, ба пешрафт ва инкишофи ҷомеа хусусияти устувор диҳад ва ба созгорӣ ва субот дар ҷомеа ноил гардад.
    Яке аз омилҳои таъминкунандаи самаранокии идоракунӣ дар таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат сифатҳои шуҷоатманд,нотарс, инсондӯст, ва адолатпеша будани ӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ тавонист манфиатҳои шахсии пайравонашро ба хотири ҳифзи якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани сулҳ ба манфиатҳои миллӣ тобеъ кунад. Ҷанг фоҷиа аст ва сабаби муҳоҷират мегардад. Дар ана ҳамин ҷанги фоҷиабор дар солҳои 1992- 1993 аз руи маълумоти Сарраёсат оид ба гурезагони Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 850000 нафар гурезаҳо ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз ин 600-700000 нафар гурезаҳо дар дохили кишвар ва боқимонда ба хориҷ ( 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Русия, Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон) фирор карда буданд. [9,36]. Дар чунин вазъияти вазнину мудҳиш масъулияти обод кардан ва ба ватан баргардонидани ин гурезаҳо ба дӯши як Сарвари ҷавони чил сола Эмомали Раҳмон афтода буд. Ин сарвари ҷавон ба вазниниҳо нигоҳ накарда ин кори вазнинро ба хотири якпорчагии Ватан ба дӯши худ гирифт. Ба дӯши худ гирифтани чунин кори вазнину пурхатар аз фазилати инсондӯстии Пешво гувоҳӣ медиҳад. Бомақсади баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва ҷойи зисташон сарвари инсондӯст ва инсонпарвар як қатор чораҳо андешид ба мисли дар назди Вазорати меҳнат, соли 1992 ташкил шудани Департамент оид ба гурезагон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезагон”, фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне,ки сарҳади давлатиро ғайриқонуни убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд” ва ғайраҳо. Сарвари ҷавон ба Ватан баргардонидани гурезаҳоро ба маҳалли зисташон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати худ ва Ҳукумат қарор дод.Ӯ дар Иҷлосия изҳор намуд, ки “то он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам” [9,38]. Ин суханони роҳбари ҷавон хушку холи ва по дар ҳаво набуданд. Ӯ тамоми ҳастии худро барои иҷрои ин ваъдаи худ бахшид.Инчунин дар ин муддат кӯшиш ба харҷ дод,ки зиёда аз 700000 нафар гурезагони дохили ҷумҳуриро, ки дар масҷидҳо, хонаҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои хешу таборашон зиндагонӣ менамуданд ба ҷойҳои зисташон баргардонад. Баъди Иҷлосия ва аз Хуҷанд ба Душанбе баргаштан Ҳукмати навтаъсис, дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992, ӯ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукмати Тоҷикистонро чунин муайян намуд : “… гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили зисти худ баргардонида, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин намуда, барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам оварем ” [7,6].
    Сарвари ҷавони нотарсу шуҷоъ, адолатпавару адолатхоҳ, инсонпарвару инсондӯст аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба он мекӯшид, ки ба кадом роҳе, ки набошад сулҳу суботро дар Ватани порашудаистодаяш барқарор намуда миллати пароканда шудаашро дар Ватан сарҷамъ намояд. Аз ин хотир роҳбари ҷавону хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сарвари давлат нахустин қадамҳои худро бо хоҳиши оғози гуфтушунид бо ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳ ба пеш гузошт. Дар ин масир зарур буд, ки низоми арзишҳои давлатдорӣ ва идоракунӣ ташаккул ёфта, ба сифати роҳнамо барои тамоми ҷомеа баромад намоянд.
    Бояд қайд намуд, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат дар замони шиддати зиддиятҳо дар ҷомеа худ санҷиши ҷасорат, шуҷоат, масъулият ва нотарсӣ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи бениҳоят мураккаби иқтисодӣ, таҳдиди гуруснагӣ ва бемориҳои сироятии гуногун дар шароити касодии буҷаи давлат аз роҳбар талошҳои азими рӯҳӣ ва ҷисмонӣ талаб менамуд. Ҷомеаи Тоҷикистон бошад пешниҳоди барномаи мушаххаси амалро интизор буд. Ин барнома мебоист масъалаҳои мубрами хотима додани ҷанг ва барқарор кардани сулҳро дар бар мегирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки бори гарони масъулият барои тақдири халқ ва давлат бар дӯши ӯ афтодааст, зарурати хотима додани ҷангро ба хубӣ дарк мекард. Роҳбари давлат мавқеи худро нисбати рушди минбаъдаи давлат ҳамчун як давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд комилан возеҳ муайян намуда ба ҳама баҳсҳо оид ба шакли давлатдорӣ хотима гузошт.
    Дар хотир бояд дошт, ки сатҳи рушди сиёсии ҳар як ҷомеаро, пеш аз ҳама, сатҳи устувории суботи он муайян мекунад. Бо назардошти он чи зикр карда шуд, таъмини субот кафолати рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ санъати хоси идоракунии низоъ зарур буд, то ҷонибҳои даргирро ба созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ моил намояд. Аз ин рӯ, интихоби роҳи осоиштаи ҳалли зиддиятҳо аз дурандешии сарвари сиёсӣ ва омодагии ӯ ба ризоияту созиш шаҳодат медиҳад. Дар асоси таҷрибаи низои таҳмилии байни тоҷикон, метавон аҳамияти хоссаи ризоият ва майл доштани сарварони сиёсиро ба созиш арзёбӣ кард. Хоҳиш ва майли сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созиш дар роҳи ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон нишонаи мавҷудияти иродаи сиёсӣ баҳри ҳалли мусолиҳатомезӣ низои мураккаби шаҳрвандӣ буд.
    Таҳлили раванди сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки лаҳзаҳои ҳассосу таҳдидкунанда ба муваффақияти ин раванд кам набуданд. Масалан, шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки дар рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби мухолифин рӯйхате пешниҳод карда мешавад, ки тибқи он бояд ҷонибдорони мухолифин авф карда шаванд. Ин талабот тамоми раванди музокиротро таҳти хатар мемононад. Дар чунин як лаҳзаи ҳассос Эмомали Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии дорои хиради воло, қобилияти муайян намудани манфиатҳо ва афзалиятҳо, иродаи сиёсии қавӣ ва дурбинии сиёсӣ нишон дода, ин талаботи мувофиқанашудаи мухолифинро мепазирад. Ҳарчанд бархе аз онҳое, ки ба ин рӯйхат шомил гашта буданд, ба муборизони ғоявии мухолифин робитае надошта, ҷинояткорони ашаддӣ буданд. Дар чунин лаҳзаи ҳассос сарвари давлат бо назардошти манфиатҳои мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷат имзо мегузорад ва онҳоро авф мекунад.
    Ин бори дигар аз он далолат мекунад, ки хирад ва маърифати волои сиёсӣ, муҳаббату садоқат ба мардум ва сарзамини худ, азхудгузариҳо ва қотеият дар иҷрои мақсадҳои гузошташуда сифатҳое мебошанд, ки муваффақияти кори сарвари сиёсиро таъмин намуданд.

Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.