Ҳунарҳои мардумӣ муаррификунандаи миллатанд.
Дар санаи 5, 02, 2018 дар меҳмонхонаи марказии ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» конфронси илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ муаррификунандаи миллатанд» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, ҳунармандон ва дигар сокинони шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар Паёми навбатии имсолаи хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ кишвар изҳор доштанд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 – ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Дар чорабинӣ ҳунармандони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ, Литсеи касбӣ техникӣ маҳсули меҳнатии худро аз қабили; оҳангарӣ, гавҳоратарошӣ, нақошӣ табақтарошӣ сузанидӯзӣ, қолинбофӣ ва номгӯи хӯрокҳои миллӣ ба маррази тамошо гузоштанд.
Сараввал масъулин ва дигар меҳмонон аз ҳунарҳои дастӣ дидан намуда, баъдан конфронсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид. Дар рафти конфронс муовини соҳавии раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир изҳори андеша намуда, қайд нмуд, ки мавҷуд будани мавзеъҳои хуби сайёҳӣ дар кишвари азизамон метавонанд диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуда, омили баланд гардиданди иқтисодии мамлакати мо гардад. Инчунин иштирокдорони конфронс фикру андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми конфронс раиси ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо зимни баромади худ чунин ибрози андеша намуд. « Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашну маъракаҳои муҳими сиёсӣ доир шуда истодаанд ва дар ҳамин росто чанд рӯз қабл мо ҷашни Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтем ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми шарафманди кишвари азизамон барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ва он гуфтаҳое, ки дар Паёми сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби ҳамаи мову шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида буд, сармашқи кори худ қарор дода, имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод низ бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии бошукӯҳ идома гардида истодааст ва ин кофронсияи ноҳиявӣ бар он хотир аст, ки ҳама ҳунармандоне, ки имрӯз ба касбу кори гуногун машғул мебошанд мардум аз ҳунари волои онҳо бохабар бошад ва онҳо низ тавонанд, ки маҳсули дасташонро ба фуруш бароранд. Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироа гардид, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 – уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад. Албата ин имконият медиҳад, ки ҳунармандон метавонад, ки бо меҳнати ҳалоли худ ҳатто дар хонаи худ рисқу рузии худро дарёфт намоянд».