Оилаи солим буниёдгари ҷомеаи солим
Дар санаи 20, 02,2018 дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳраки Тоҷикобод таҳти раёсати раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Нодираи Маҳмадисо бо мақсади тадбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирии бемории ВНМО ва хавфи он дар ҷомеа конфронсияи илмӣ –амалӣ дар мавзӯи «Оилаи солим пойдевори ҷомеаи солим» баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарият ва аъзои мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагон воситаҳои ахбори омма дар минтақа ва дигар шахсони масъул иштирок карданд. Раиси ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо бо сухани ифтитоҳи кори конфронсро оғоз бахшида, таъкид намуданд,ки мову шумо имрӯз бояд аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хосатан кӯшишҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷодаи солимии якояки шаҳрвандони кишвар ба харҷ медиҳанд шукр гузор бошем. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин бемории Вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки ҳар як давлат дар алоҳидагӣ ҷиҳати пешгирии он муборизаи қотеона бурда истодааст. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ изҳори нигаронӣ карданд, ки вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, татбиқи саривақтии ин меъёрҳо мебошад. Дар ин замина мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда истодааст. Аз фурсати бисёр ҳам муносиб истифода бурда аз якояки шумо иштирокчиёни конференсияи имрӯза, ки аксаран аҳли зиё мебошед даъват ба амал меорам,ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ, ки ҳамчун вабои аср эътироф шудааст ва метавонад солимии ҷомеаро халалдор кунад бе тараф набошед. Директори маркази ВНМО Шарифов Насим зимни баромади худ изҳор дошт, ки имрӯз илми тибб дар самти табобати зидди ВНМО ба дастоварде ноил гардид, ки бо истеъмоли дорувории муаяни ихтироъгардида, аз модари сироятёфта кӯдаки солим ба дунё оврдан мумкин аст. Барномаи « Пешгирии паҳншавии ВНМО аз модар ба кӯдак» соли 2008 қабул гардид ва соли 2010 мавриди амал қарор гирифт. Тибқи ин барнома занони ҳомила бояд дар даври се моҳаи аввали ҳомиладорӣ аз ташхис гузаранд. Таҷриба нишон дод, ки дар кишвар зиёда аз 314 кудак аз модари сироятёфта солим ба дунё омада ва ҳаёти солим басар мебаранд. Инчунин изҳор намуданд, ки аз ҳама табобати саривақтӣ ва беҳтарини ВНМО ин пешгири мебошад бояд, ки мо дастаҷамъона оиди иҷроиши саннадҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд чораҳои қатъи дида ва дар маҳв сохтани ин вирус саҳумгузор бошем.
Инчунин Прокурори ноҳия Насимзода Маҳмадсаид, муовини соҳавии раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир, мудири бахш оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Миршоев Хайрулло,мудири бахши ҷавонон Шоев Муҳаммад андешаҳои худро иброз намуданд.