Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Тоҷикобод

Дар санаи  7 – уми марти соли ҷорӣ дар кохи фарҳанги шаҳраки Тоҷикобод бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, занони собиқадор ва бонувони касбу кори гуногун Рӯзи модар таҷлил карда шуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозиринро ба Рӯзи модар шодбош намуда зикр дошт: “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз меёбад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Воқеан модар дар шаклгирӣ ва инкишофи фардии инсонҳо нақши аввалиндараҷа дорад. Маҳз дили қавиву рӯҳи тавонои Модар буд, ки қаҳрамонфарзандонро ба дунё оварда, дар рӯҳияи қаҳрамонӣ ва миллатдӯстӣ тарбия сохт. Мо миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва халқи шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳама бештар ба дарки қадру манзалати Модар мерасем. Маҳз қаҳрамониҳои фарзандони модарони қаҳрамони тоҷик буд, ки имрӯз мо Тоҷикистон дорем ва миллате бо номи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст”.

 

 

Инчунин Прокурори ноҳия Насимзода Маҳмадсаид зимни баромади хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки модар на танҳо офаранда, балки тарбиятдиҳандаи фитрати инсонист! Модар аст, ки ба фарзанд завқи баланди эҳсоси зебоӣ ва сухани неку амали созанда мебахшад ва ниҳоди ӯро ба андозаи лаёқати хеш рангин месозад.

 

 

 

 

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code