Мулоқоти раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Нодираи Маҳмадисо бо хонум Пратибха Меҳта умедбахшу созанда буд.

Дар таърихи 24, 04, 2018 роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибха Меҳтаро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози суҳбат раиси ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо хонум Пратибха Меҳтаро ба ноҳияи зебоманзари  Тоҷикобод хайрамақдам гуфта аз дастгириҳои Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки намояндагии СММ дар ноҳияи Тоҷикобод низ кӯмаки башардустонаи худро дареғ надошта, ҷиҳати амалисозии Барномаи рушди ноҳия ва бунёоди сехҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва хати оби нӯшокӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Хонум Пратибха Меҳта ҳамзамон бо корҳои иҷрошудаи Барномаи рушди СММ дар ноҳия  шинос шуда бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки чиҳати густариши барномаҳои рушди СММ дар ноҳияи Тоҷикобод дар самти амалисозии Барномаи рушди ноҳия мусоидат хоҳад намуд.

 

 

Дар рафти сафари худ хонум Пратибха Меҳта аз сехи қаннодии «Мунира» ва ҳунарҳои дастӣ диданд намуд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2017 бо кумак ва дасгирии Барномаи рушди СММ як қатор лоиҳаҳо буниёд ва навсози гардиданд.

1.   Дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани наҳри обёрикунандаи деҳаҳои Нушор – Файзбор бо маблағи 47, 420, 25 $  ИМА

  1. Харид ва дасрас намудани таҷҳизотҳо барои сехи коркарди сабзавот дар ноҳияи Тоҷикобод. Бо маблағи 26,072.00 $ ИМА
  2. Таъсиси сехи қаннодӣ дар ҷамоати Шогадоев. Бо маблағи 175, 153 сомони.
  3. Гузаронидани омӯзишҳо барои хоҷагиҳои деҳқоннӣ ва таъсиси шуроҳои машваратии ноҳиявӣ. Бо маблағи 19.550 $ ИМА

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code