Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар ноҳияи Тоҷикобод

 

Дар санаи 8, 05, 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод  бахшида ба 73-юмин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки роҳбари мақомоти иҷроия, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия  чорабинии идона баргузор гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроия дар баромади худ қайд кард, ки фарзандони ватандӯсти тоҷик низ дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карда, дар ин ғалабаи оламшумул баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин, ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллат ба муқобили душман ҷангида, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуда, дар қатори ҳазорон муборизони ин ҷанги хонумонсӯз 1800 нафар родмардони Тоҷикобод низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 900 нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният, ҷони худро қурбон кардаанд. Аз 900 нафар фарзандони зафарманди Тоҷикобод, ки бо пирӯзиву сарбаландӣ ба Ватан баргашта, барои пешрафти ҷомеа  ва  рӯзгори ободу осудаи мо заҳмат кашидаанд. Боиси таассуф аст, ки бо гузашти умур ҳоло дар  ноҳия иштирокдорони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳайёт нестанд. Чанд моҳ пеш мо охирин сарбозони ин ҷанг Ғафур Саломов ва Балаҷон Исоевро ба роҳи охират гуселонидем, вале корнамоиҳои ин мардони мубориз ҳаргиз аз лавҳаи таърих сутуда намегардад. Насали ҷавон бояд аз шуҷоату далерии бобоёни шуҳратманди худ сабақи ватандустӣ омухта ъанъанаҳои некашонро идома диҳанд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code