Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Дар санаи 26,06, 2018 дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Тоҷикобод 21 – умин солгарди рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, роҳбарони сохторҳои низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва теъдои зиёди сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Нодираи Маҳмадисо ҳозиринро ба муносибати ҷашни 21 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зимни баромади худ изҳор доштанд, ки Ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро аз ҳама гунна нокомиву палидӣ нигоҳ медорад. Таърих борҳо собит намудааст, ки дар арсаи ҷаҳони бархе аз миллатҳо тӯли садсолаҳо дар орзӯи ин неъмати бебаҳо умр ба сар мебаранд. Хушбахтона, ин саодат миллати олитабори тоҷикро нишонаи пирӯзии хираду андешаи комил аст. Маҳз бо мадади рӯҳи поки гузаштагон, наҷотгари миллату фарҳанги тоҷик, фарзанди фарзонаи соҳибхирад Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Ин ҷавонмарди созанда бо нерӯи бузурги тоҷикона аввалин пайғоми худро бо насими ҷонбахши Ваҳдати миллӣ оғоз бахшид. Имзо гаштани созишномаи истиқрори сулҳ дар хонадони Тоҷикистониён шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро фурузон намуд. Сарвари хирадманди тоҷикон аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбуниёди шаҳрвандиро бо нерӯи бузургу буниёдкории ҷавонон ибтидо бахшид. Ӯ ҳанӯз дар баромадҳои аввалини худ рӯ ба ҷавонон оварда, онҳоро пайваста ба ҳамбастагиву хештаншиносӣ даъват менамуд: «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақзананд ва аз Ватан, Миллат, Забон ва Фарҳангӣ худ ифтихор намоянд»
Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи идонаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.