Мақола оиди боз як равия ва ақидаҳои нофаҳмои тарафдорони Муҳиддин Кабирӣ дар конференсия паймони миллии Тоҷикистон
Яке аз тарафдорони Муҳиддин Кабирӣ – Шарофиддин Гадоев ба сухан баромада аз минбари баланд бе ягон далел бо пардози дуруғҳои маҳз мегуяд , ки гуё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботҳо шафоф намегузаранд ҳол он ки интихоботҳое, ки гузаштаистодаанд ва мо худ шоҳиди ҳол ҳастем қариб аз ҳамаи ҳизбҳо ҷуз ҳизби наҳзади исломии Тоҷикистон ва давллатҳои хориҷӣ намояндагон ҳузур доранд ва ҳар як овоздиҳанда ва блютени овоздиҳиро қатъи аз назар гузаронида назорат мекунанд. Ман ҳамчун як шаҳранди оди ҳаминро гуфтаниҳам , ки интихоботҳое мегузаранд ҳамаш шафоф ва қонунянд. Инчунин ҷаноби Шарофидин Гадоев дар баромадҳояш қайд мекунад, ки ҷаноби олӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол боз дар курсии президенти ҳаст оё шумо якбор холисона фикр намекунед, ки Президенти муҳтарами мо бо кадом ҷонбозиҳо ҷони худро бахатар гузошта дар кадом вазъият ба давлати исломии Афғонистон ва хориҷу дохили кишвар сафарҳо намуда, баҳри бадаст овардани сулҳ кушишҳо намудааст. Бисту шаш соле, ки ҷаноби олӣ роҳбари ин давлат ҳаст – уро халқ ҳамчун Пешвои худ интихоб кардаистодааст ва бозҳам интихоб мекунад.Ин миллат якбор ба домии фиреби ин душманони миллат афтодааст ва беҳтарин фарзандони фарзонаи худро аз даст дода буд, ин маротиба савсатаҳои бемантиқ ва бемаънои онҳо ягон таъсир надоранд ва метавонанд сари худ ва сари дигар ҷавонони роҳгумзадаро бо суханҳои пойдарҳавояшон гич насозанд. Хуласи калон давлати имрӯзаи Тоҷикистон аз тарфи халқ интихоб ва эътироф гардида қонуни буда интихоботҳое , ки мегузаранд ҳаматрафа шафоф ва қонуниянд.
Валиев Дустмурод Директори “Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод”
Ақидаҳои ҲНИ дар Тоҷикистон
Сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақсади кушишҳои Пешвои муаззами миллат ба он равон гардид,ки иззати нафси роҳбарони ташкилоти экстремистию тераристии ҳизби наҳзати ислом, афроди мухолифи роҳгумзада, фурухташуда ҷиноятсодиркарда нарасанд, аз амалӣ кинаву низоияти онҳо ёдовар нашаванд, дарду алам, захмҳои падарону модарон аз лиҳози руҳию равони азияткашидаро бори дигар бедор наккунанд, фитнаву қудратро аз нав зинда накарда, аҳду паймон нашикананд ва худро байни ҷомеаи ҷаҳони шармсор насозанд. Инчунин дар ин раванди сулҳ олимону коршиносони сиёсӣ, рузноманигорону мунақидони кишвар низ иқдомҳои одилонаи Сарвари давлатро танҳо бо хотири расидан ба ин мувофиқа, якдигарфаҳми, талаботи аҳдномаро риоя кардан, аз камбудию хиёнаткориҳои содиркардаи ҳизби наҳзати Исломӣ чашм пушидаанд ва нахостанд, ки бори дигар ба ҳайёти осоиштаи халқи азияткашидаи худ фитнаи нав ё алангаи оташ ангезанд.
Дар байни идеология комунистӣ ва бо он мухолиф ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ба ном дар қолаби «демократӣ» муборизаи ошкорои оштинопазирро оғоз намуданд. Дар ин давра даҳҳо ташкилоти гуногуни ҳизбӣ созмонҳои ҷамъиятию фарҳангию ақалиятҳои миллӣ ташкил шуда, ба фаъолияти бесарусомона шуруъ намуданд, ки манбаи низои ҷомеа гардида, вазъи сиёсиро пайваста бесубот гардонида сабабгори тарк намудани теъдоди зиёди мутаххасисони варзидаи миллату халқиятҳои дар кишвар истиқоматдошта гардид. Роҳбарони хизби наҳзати ислом маблағҳои аз давлатҳои исломи ҷалб кардаашон истифода карда маккорона сарвари ҳизбу ҳаракатҳои нобурдаро ба дасти худ гирифта дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсвати ҷудоиандозӣ миллатгароӣ ва бунёдгарориро барнома ва оиномаи худ гардонида миллати ягонаи ороми осоиштаро ба гурӯҳҳо, табақаҳои гуногун ба муқовимати шадиди минтақавӣ ҷанги шаҳванди бо истифодаи силоҳ сафарбар намудаанд. яке аз хиёнатҳои роҳбарияти ҳизби наҳзати ислом ташкили муҷараҳои сиёси оғози муноқишаҳои дохилию минтақави ҷанги шаҳрванди ба ҳисоб меравад, ки харобихои гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварда, ба тафакури сиёси руҳияи ақидаи мардуми кишвар таъсири ислоҳталабро боқи гузошт.
Ҳамаи ин тамоми ин мардуми осоишта, озодфикру озодандешро то имруз рӯҳанду ҷисман азият медиҳанд. Ба тақдири минбаъдаи мардум хусусан, насли ҷавони оянда нишонаи бадноми «мухолиф, ҷонибдори давлати исломӣ ё хурофотпарастӣ доштан-ро аз худ боқи гузошт, ки дар вохуриҳо аз шаҳвандони дигар минтақаҳо садо медиҳанд. Хулоса ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияти худро бо дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суиистифода карда мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чи гунна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.
Пешноҳод мешавад, ки барои омӯзиши манбаъҳои хатарҳои таъсирасони фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукумати ХНИ дар хориҷ ва дохилӣ кишвар тадқиқоти дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагири ин масъала назари ҳар як фардӣ солимфикри ҷомеа зарур аст, ки вазъи ҷойдошта чи гунна шакл гирифта истодааст, Эътиқоди назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифродгаро баҳо диҳанд ва баҳри рафти он чораҳои зарури андешанд.
Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарҳои ин масъалаи муҳими доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи ҳизби наҳзати исломӣ ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистии терористи ба монанди «давлати исломӣ» (ДИИШ) «ҳизб-ут таҳрир» « ҷунбиши толибон» , « ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ал- қоида бештар хоҳад буд.
Муовини директор оид ба таълими истеҳсоли Сафаров Н.
Собиқ ҲНИТ Ҳизби ҳаёти экстремисти терористи
Маҳс ҳамин ҷазобаи қудрат ва салтанатталабии созмони терористи дар солҳои 90-ум бо роҳбарии Абдуллои Нурӣ ва хоҷагони хориҷиаш ба воситаи занги ҳамватани ба бародар куши халқи тоҷикро тела дода, сабабаи хисороти зиёди молию ҷони дар Тоҷикистон гардид, Дар натиҷаи даргириҳо таҳти фишори фикрию сиёсии сарварони ҲНИТ буд қарор гирифт, мардуми тоҷик зиёиёни ватани охири солҳои 80-уми асри гузашта ҳолати бетарафи ва бетафовутиро аз сар мегузаронд ба асари ноилоҷи ва ё ҷустуҷи накардани илоҷи вокеа ба вартаи ҷанги шаҳрвандиро гирифтор шудан. Маҳз дар ҳамон замон амал мебоисткард. Аммо чуноне, ки мушоҳида кардем ҷомеа дар ҷустуҷуи илоҷ бе ҳавсалаги кард. Аз ин беҳавсалаги саркардагони ҲНИТ истифода бурда бародаро бо бародар ҷанг андохтаанд, ки қариб дар 150 ҳазор нафар дар ин ҷанг ҳалок гардид. Ҳамин тариқ ин созмони ҳодисае, ки таҳти сарпарастии Абдуллоҳи Нурӣ ва М. Кабирӣ амалҳои терористи ва табадулоти давлатиро сар кардаанд. М. Кабирӣ имрӯз дар Аврупо мехоҳад, ки бо номи созмонҳои озодихоҳ худро лидери озодихоҳ унвон бидиҳад. Аммо мардум бо фарҳанги созмони Тоҷикистон ва ҷаҳон аз ботин ва сиришти ин созмон ва авомфиреб мансабталаб огоҳ буда намегузорад, ки М. Кабири орзӯҳҳои ғаразнокашонро амали кунад. Ин халқи Тоҷикистон фаҳмиши солҳои 1980- 1990 ро надоранд. Ин халқи Тоҷик халқи солҳои 2000 2018 мебошанд. Дар таҷрибаи рузгор обутоб ёфтааст. Дигар намехоҳад азобҳои солҳои гузашта такрор шавад. Намегузорад, ки нохалафе мисли ташкилоти экстремисти ҲНИТ террорист исбот шуда ва эълон шуда роҳбраш М Кабир ҳар хоҳише,ки аз хукумати Тоҷикистон мешуданд амали гардид . Аммо дар зери ниқоби ислом аз асри нав М Кабири ва асари нав Ҳоҷи Ҳалим ба табадуллоти давлати даст задан. « Ислом дар дини тафриҳангез ва ҷангҷуи нест» Аммо ин нохалафони ҲНИТ дар зери ливои ислом пинҳон шуда нопоки худро мехостан амали кунанд, аммо ба мақсадашон нарасидаанд. М Кабири пайравонашонро аҳмақ карда ба ҷанг равон карда худаш ба аҳли оилааш гурехта рафт анна хизмати ин ҷавонмард ба ҳамаслаконаш. Имруз ин боқимондаи ин ҷинояткорони ҲНИТ дар Аврупо паноҳ шуда ба кордонии давлату миллат машғул мебошанд. Вале халқ мардуми бо фарҳанги Тоҷикистон дар атрофии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд омада ҳама аз як гиребон сар бароварда барои тенҷи оромии Ватан мубориза бурда барои баланд бардоштани иқтисодиёти Ватан ҷиду ҷаҳд мекунанд. Инсони бадхоҳ, душманони бадкирдор ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасидааст ва намерасад, монанди роҳбари ҲНИТ А. Нурӣ ва М. Кабирӣ бо ҳамаслаконаш.
Муалиф: корманди алоқаи ноҳияи Тоҷикобод Аҳмадов Давлатхоҷа
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳизби дурӯғин
Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод то соли 2014 фаъолият карда, дар давоми солҳои фаъолияташ иғво ва дасисаҳои зиёде дар байни аҳолӣ меандохт. Ҷавононро гумроҳ карда, ба воситаи онҳо манфиатҳои нопоки худро амалӣ месохт.
Собиқ ҲНИТ дар ноҳия Тоҷикобод барои беҳбудии халқ ва пешрафти ноҳия ҳеҷ коре анҷом надодааст. Баръакс шахсоне, ки маълумоти каму беш доштаро ба сафи худ ҷалб мекарданд. Дар ин давра аз ҳисоби собиқ ҲНИТ дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати ба номи Мунаввар Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод Мадрасаи ғайри расмӣ ташкил карда шуд. Дар ин Мадраса муллоҳои сатҳи донишашон на онқадар баландро ҷалб намуда, ба толибилмони хурдсол, ки аз мактабҳои миёнаи умумӣ дурмонда дарс мододанд.
Сарварии ин Мадрасаро Иброҳимов Ёрибек собиқ қумондони гуруҳҳои мухолифин бо лақаби «Шайх» ба зимаи худ гирифта буд. Баъди ташкили ин мадраса зиёда аз 10 нафар ноболиғро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон барои таҳсили диннӣ фиристоданд. Баъди чанд сол маълум гашт, ки ноболиғони фиристодашуда на барои таҳсил балки баррои тайёр кардан ва гузаронидани амалҳои терористӣ фиристода шуда буданд.
Тибқи гуфтаҳои мардум онҳо дар давлатҳои Афғонистон ва Покистон дар задухӯрдҳо иштирок мекарданд.
То он замоне, ки онҳо ба ватан баргардонида нашаванд мо худро орому осуда бояд ҳис накунем.
Собиқ ҲНИТ дар ноҳия Тоҷикобод ба ҷои корҳои хайр, ки дар дини мубини Ислом гуфта шудааст аз номи мубораки Ислом истифода намуда, мардумро ғорат ва фиреб мекарданд. Тарафдорони ин Ҳизб дар ноҳия кам буданд вале роҳбарони ин ҳизб эълон мекарданд, ки гуё аъзоёни зиёде доштаанд. Вақти ҳизби терористӣ эълон гардидани он ва қатъ кардани фаъолияташ аз чандин аъзоён пурсиданд, ки шумо аъзои собиқ ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳастед онҳо ҳайрон мешуданд, ки наинки аъзо балки аз вуҷуд доштани инҳизб хабар надоранд.
Вақте ки давлати Шуравӣ пош хӯрд наҳзатиҳо дар пайи табадуллот ва манфиатҳои худ гардиданд. Дар ноҳияи Тоҷикобод низ онҳо роҳбариро ба даст гирифтанд хати кириликро барҳам додани шуданд то ҳатто ному насаби кудаконро тоҷикӣ намонданд, яъне ба ҳар оила зарари калон расониданд. Аз соли 1991 то соли 2010 ин давом намуд, пас ҳар оилае, ки 5 нафар кудак дошт барои иваз намудани ному насабе, ки наҳзатиҳо иҷборан бар сари мо бор карда буданд қариб 500 сомонӣ сар кард. Ин аст як зарари кучаки ба ҳар оила расида. Собиқ ҲНИТ дар ноҳия Тоҷикобод умуман ягон кори созандагӣ накардааст, ки аз ӯ нишоне монад.