Наҳзати паймоншикан ва ҷинояткор

Яке аз масоил, ки вақтҳои охир аз тарафи расонаҳои гурӯҳии мансуб ба ҳизби терористии наҳзати исломии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ пушиш меёбад, ин баррасии масъалаи сулҳи тоҷикон ба ҳисоб меравад.  Таҳлилгарони Ҳизби наҳзати ислом кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар навиштаҳояшон воқеиятро равшан нишон диҳанд ва бо ин ки тайи 18-сол дар кишвар фаъолият намуда, соҳиби мансабҳои гуногун ва боигариву сармоя буданд ва танҳо пас аз содир намудани ҷинояти сангини табадуллоти давлатӣ, тибқи қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти онҳо боздошта шуд, ҷинояти муртакиб гардидаи хешро ба гардани дигарон бор кунанд ва худро аз қабзаи терористӣ ва паймоншиканӣ раҳои бахшанд. Ин гунна равишро аз навиштаҳои онҳо метавон  мушоҳида намуд. Мусаллам аст, ки шаклгирӣ ва омилу сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ҳизби терористии наҳзати исломии Тоҷикистон ва сардорону пайравонаш буданд, ки то имрӯз ҳазорон маъхазҳое мавҷуданд, ки ин воқеиятро тасдиқ менамоянд.  Ҳамагон медонанд, ки чун дар дигар давлатҳои собиқ шуравӣ чунин навъи ҳизби динӣ вуҷуд надошт, вале мутаассифона вуҷуди ҳамин гуна ҳизб Тоҷикистонро ба хоку хун кашида, кишварро дар ҳоли нобудӣ қарор дод. Ҳизби терористии наҳзати исломиии Тоҷикистон ва пайравонаш аввалин нафароне буданд, ки ҳануз ҷиноятҳои ғоратгарӣ, авбошӣ, мардумозорӣ ва қатлу кушторро аз воқеиятҳои баҳманмоҳи соли 90-ум шурӯъ намуда,  баъдан онро дар марҳилаҳои дигаргуниҳои соли 1991 идома бахшиданд. Инҳо ҳамон босмачипешагоне буданд, ки бо баробари фазоро холӣ дидан  қавонини асри миёнагиро мавриди иҷро қарор дода, пас аз мағлубият дар интихоботи умумихалқӣ  ба ҷанг гузаштанд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба роҳ монданд. Тавассути зури силоҳ  ҳукумати қонуниро аз байн бурда, таҳти фишори силоҳ Президенти аз ҷониби мардум қонунан интихобшударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Кишварро ба макони ҷангу хунрезӣ, ваҳшат ва ғоратгарӣ табдил доданд. Ҷумҳурӣ дар оташи ҷангӣ наҳзатиҳо дар алангаи оташ месухт ва вуҷуди Тоҷикистон ба ҳайси давлат зери суол рафта буд. Тоҷикистонро терористони наҳзатӣ ба пораҳо табдил дода Тоҷикистонро ба ноамнтарин давлати дунё табдил доданд. Ин ҳам бошад аз баракати наҳзатиҳо маншаъ мегирифт.  Ҳамин сабаб гардид, ки ҷанги дохилӣ идома ёфт ва хазорон мардум ба Афғонистон гурезаю овора гардиданд. Бо фиребу найранг ва таблиғи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат ҳазорон фарзанди тоҷикро гумроҳ намуда сабабгори ҷисман нобуд гардидани онҳо шуданд.  Имрӯз,  ки наҳзатиҳо  даъво пеш меоранд, ки гуё ба хотири мардум сулҳ карда бошанд, аслан дуруғе беш нест.  Инҳо дар тамоми муборизот гумроҳ кардани мардум ва кишварро ба хоку хун кашидан танҳо ба мақсади ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ роҳандозӣ намуда буданд.  Ин  хама ҷиноятҳои наҳзатиҳо бозгӯкунандаи он аст, ки сарварони ҲНИ  агар ба зоҳир ба ҷараёни сулҳ шомил шуда бошанд ҳам, вале пинҳонӣ барои табадулоти ҳарбӣ омодагӣ мегирифтанд. Пас, суоли матраҳ ин аст, ки паймони сулҳро терористони мансабталоши фурӯхташудаи ҳизби терористии наҳзати ислом  поймол карданд, на Ҳукумат.

Имруз   ҷинояткорони ТТЭ  ҲНИ, ки барояшон дигар ягон арзиш ва муқаддасоте вуҷуд надорад, дар Аврупо  панаҳ бурда, танҳо ба бадном кардани давлату миллат машғуланд.  Барои онҳо миллат, Ватан ва сулҳ ҳеҷ арзише надорад. Танҳо ғасби ҳокимият, дарёфти пулу зиндагии бошукуҳ бар ивази бадномсозии миллату давлат барояшон арзишманд аст. Барои ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ музокироти тоҷикон бо ризоияти тавофуқи масъулини тарафҳои даргир аз 5-апрели соли 1994 шуруъ гардида то 27-июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи умумӣ анҷом ёфт.

Воқеан, дар ин миён хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам эмомалӣ Раҳмон нотакрор ва шоёни таҳсин аст. Зеро ин бузургмард новобаста аз ҳама мушкилоти сиёсии ба миён омада, бо иродаи қавӣ тавонист, мардумро сарҷамъ намояд ва ҳамаи гуноҳои қаблан содиршударо бубахшад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири Ваҳдати миллӣ бори дигар ба роҳбарият ва аъзоёни ин ҳизб имкон дода буданд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар шарик бошанд. Мутаассифона наҳзатиҳо бо суистифода аз озодии фаъолият пайваста пайи рахна кардани амнияти кишвар  гашта, даст ба амалҳои хоинона заданд.

Ин гурӯҳи худбохта тасаввур намекунад, ки якбор ба худхоҳию мансабпарастӣ дар солҳои навадум кишварро пора пора намуда онро дар ҳоли нобуд қарор додаст. Аз он ибрат намегиранд ва имрӯз дубора чунин талош доранд. Вале имрӯз дигар мардум онҳоро шинохтааст ва ба ҳазёни ин ҷунунпешагони пойбанди мансабу пул бовар нахоҳад кард.

                                                                   Директори МТМУ № 9                                Муҳамадалии И

 

   

 

Худшиносии миллӣ ва ҳушёрии миллӣ – асоси оромии Ватан.

Дар зуҳуроти ҷамъиятӣ, аъмоли шахсе, ки мадди  назар меафтад ва ӯ ҳамчун фард аз мавқеи худшиносӣ рафтор мекунад, онро чун падидаи индивидуалӣ, якка ва ҷудо аз гурӯҳ ё худи ҷамъият шуморидан иштибоҳ аст. Зеро «мафҳуми худшиносӣ дар шахсе, ки зуҳур меёбад ва дар воқеъ объективона арзи вуҷуд кардааст, ишора ба  ҳолате мекунад, ки  барои ин худшиносӣ, худшиносии дигаре вуҷуд дорад» (Гегель В.Ф., «Философская пропедевтика», 1976,«Мысль», М., саҳ.87).

Чунин хулоса боис мегардад, андешаи умқи масъалаҳои ҷамъиятӣ, махсусан ҷараёни  шаклгирии шуури индивидуалиро ҳамчун ҷузъи шуури ҷамъиятӣ, рӯйдоди такроршаванда омӯхт. Тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ мегарданд, ба ин ташкилот ворид мешаванд, зери таъсири «худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мондаанд. Ин силсила ҳадди аввалу охир дорад. Оила, авлод, кӯча, маҳал, деҳа, умуман тамоми сохторҳои ҷомеаро, ки барои солимгардонии тақдири хеш манфиатдор ҳастанд, зарур аст аз паи ҳамин «худшинохта»-е бошанд. Онро муайян созанд. Ислоҳ намоянд. Вагарна, ин вабо метавонад ҷомеаро пурра сироят кунад. Ба нестӣ орад.

Системаи идеологии геополитикӣ  ақл, дониш,  касбияти олӣ ва чи тавре, ки аз як лаҳзаи ошкоршудаи маблағгузории Кабирӣ ба дастаи террористии Назарзода мебинем, арзҳои хориҷии ҳангуфти беҳисоб, ҳамчунон стратегияи расидан ба мақсадҳои ниҳоии илман коркардшуда низ дорад.  Мақсади асосӣ  ҳамчун натиҷаи коре, ки интизор аз он  меравад, аллакай муайян гардидааст. Ҳадафи аслӣ – шаклгирии шуури муқаррарӣ аст. Инро ба инобат нагирифтан, аз дараҷаи мувофиқат кардани он ба мақсадҳои таъмини амнияти ҷомеа огоҳ набудан, оқибат бо заволи низоми давлатдорӣ ва худи давлат анҷом хоҳад ёфт.

Сохтани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия,  ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Х. Назарзода ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд. Аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи оддии системаи нақшаҳои   бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад. Қисмати бозии шоҳмоти геополитикӣ аст. Ҳатто дар хулосаи «Пажуҳишгоҳи байналхалқии сулҳ»-и Амрико чор сол қабл хотиррасон карда буданд: «гарчанде Тоҷикистон, мардумро сарҷамъ ва масъалаи сулҳу суботро дар қаламрави кишвар   муваффақона ҳаллу фасл карда бошад ҳам, ба таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мебошад. Чунин таҳдидҳо метавонанд ба ду қисмати муассир ҷудо шаванд – дохилӣ ва хориҷӣ» (Security аnd Development, Searching for Critical Connections, edited вy Tschirgi N. And others, Colorado, USA, 2011, p. 366). Поёнтар нуқтаи ҷолиб таъкид карда мешавад: «Ин ду таҳдид ба ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор доранд» (Ҳамон ҷо).

Дар ин шароит, ҳушёрии миллӣ дар мадди аввал меистад.

Дар структураи аввали шуури ҷамъиятӣ – «моли тоза»-и ҳар фард заминаи аслии муносибат ба Ватан, Миллат, Падару Модар, дӯстон, эътиқодот,  умуман муҳити ҷисмонӣ ва маънавии атроф шакл мегирад.  Ва муҳимтар аз ҳама, мундариҷаи муносибат ба моҳияти ин истилоҳот муайян мегардад. Рафторҳои иҷтимоӣ аз онҳо вобастагӣ пайдо мекунанд.

Фаъолият ва муносибат аз ҷумлаи категорияҳое ҳастанд, ки аз мавзӯъҳои баҳси фалсафӣ мебошанд: кадоми онҳо мавқеи ибтидоӣ, аввалӣ дорад?

Ҳодисаҳои иштироки ҷавонони тоҷик дар Сурия ва дигар манотиқи доғ дар шакли зуҳуроти террористӣ, боиси ташвиши ҷиддӣ ва эълони бонги  хатар барои ҳар як оила, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва албатта ҷумҳурӣ бошанд.  Ҳамакнун, ин кор аз ҳадди шуури инфиродӣ гузашта, ба доираи шуури гурӯҳӣ (коллективӣ) ворид гаштааст. Пӯшида нест, ки «хомиву соддадилӣ шеваи ҷонбозон нест». Аммо дар роҳи бозгардонии ҷавонон аз ин раҳи хатар ва хиёнат, кам касоне ҳастанд, ки «бар мунтаҳои мақсади худ комрон» гашта бошанд (таъбирҳо аз Ҳофиз).

 Омӯзгори  МТУА     №43    Баёнов З

 

 

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code