Омилҳои сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз масоиле, ки вақтҳои охир аз тарафи ҲНИТ-и ҷинояткор ва паймоншикан мавриди баррасӣ қарор мегирад ин ҳам бошад масъалаи сулҳи тоҷикон аст.Онҳо бо ҳар роҳу восита дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ қарор гирифта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро ба доми макру фиреби худ кашида, тухми низоъ ва бадбахтиро ба сари миллати тамаддунофари тоҷик таҳмил намоянд.
Ҳизби наҳзати исломӣ симои манфури худро солҳои 1989-1990, баъди пинҳонкориҳои давраи бозсозӣ ва пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ, ба оламиён нишон дода, яке аз тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисоб меёфт.Мақсади асосии ҳизби наҳзати исломӣ ин асосан аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ иборат буд. Онҳо бо ин кирдорашон фазои софу беғубори Ватани азизро ба гирдбоди тунди ғамангези ғаму андух, яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба оянда бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидо тарҳрезӣ намуданд. Ин зуҳуроти хатарзо мардуми Тоҷикистони азизро бо ҳар роҳу восита ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Мардуми бо ҳам ёру бародарро чун аждаҳои сиёҳ душмани якдигар намуд. Пешвоёни ин ҳизб ҳатто бо зӯрӣ ва истифода аз қувваи ҷавонони ба доми фиреб афтода тавонистанд соҳиби яроқу аслиҳа шуда, халқро бар зидди ҳукумати онвақта ба шӯр оваравнд. Ин боиси гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе ва сабаби хунрезии ҷавонони бегуноҳ шуд ва аз ҳамин рӯзҳои «Баҳманмоҳ»- и феврали соли 1990 даст ба қатлу куштори бегуноҳон задании наҳзатиҳо оғоз гардид.
Давлати навини тоҷик аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоӣ озодӣ ва барорбарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул намуданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва амну амонӣ расидан мехостанд. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯрависет, ки дар қаламрави он ба ҳизби исломӣ- Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати озодона фаъолият кардан дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсиёбӣ фаъолияти худро танҳо ба хотири ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрӯз дигар накардааст.
Боиси қайд аст, ки дар баробари ба даст омадани истиқлолият муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд.Боиси хушнудӣ аст, ки ҳукумати кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи динии шаҳрвандон фаъолият дошт.
Солҳои 1992 куштори шахсиятҳои маъруфи миллат боиси носолим гардидани вазъи ҷомеа, бенизомӣ ва зуҳурёбии ангезаҳои низои мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардид.Ҳомиёни сархӯри ҲНИ ба модарони дилреши мо танҳо бадбахтию рӯзи сиёҳро ба бор оварда, аз дасти ин наҳзатиҳо бораи ғаму андуҳи пайвандони наздики худро бардошт намуданд.
ҲНИТ то соли 2015 гарданче ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин пардаи пушидаи сиёҳи худ ғаразҳои сиёсиро бо дастгирӣ ва маблағгузории «хоҷагони худ» амалӣ кардан мехостанд.Онҳо тавассути ҳизби исломӣ мехостанд инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам диҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доштанд, барои барҳам додани амнияти давлат бо истифода аз ҳама созмону ҳаракатҳои сиёсӣ-исломӣ амалӣ гардонанд.Аз тарафи дигар, кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар собит сохт, ки намояндагони собиқ ИНОТ ва аъзои ҲНИТ кинаву адоват ва ғаразу хусуматҳои пешинаро ҳанӯз ҳам аз қалб нарондаанд ва аз кирдору амалҳои пешинаашон даст кашиданӣ нестанд.ҲНИТ чанд сол дар фазои озоди кишвар фаъолият дошт, вале сарваронашон аз ин имконияти мавҷуда истифода намуда, таври пинҳонӣ амалҳои ҷиноятии худро бо пуштибонии «хоҷагони худ» пеш мебурданд.Ҳодисаҳои вақтҳои охир нишон доданд, ки намояндагони ҲНИ мехостанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд.Аммо ин тири нопоки онҳо хатто хӯрд.Мақомотҳои қудратии мамлакат бо дастгирии мардуми сарбаланди кишвар тавонистанд, ки пеши роҳи хиёнаткорони миллатро гиранд. Агар ҳадафи наҳзатиҳо холисана буд, ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи таълимоти анъанавии ислом амал намекарданд ва оромии ҷомеаро дар чанд давра ба ҳам намезаданд. Имрӯз олами ислом эътироф намудааст, ки дар кишвари мо барои иҷрои эътиқодоти динӣ тамоми шароитҳо муҳаёст ва наметавон онро бо хаёлпарастиҳои беасос нодида гирифт.Маҳз иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатъи фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ ин ҳизб худ аз худ аз фаъолият бозмонда, аъзоёнаш пайи ҳам аз узвияти худ дар ин ҳизб даст мекашиданд ва дигар ба роҳбарияти ҲНИ бовар ва эътимод надоштанд.
Аз ин хотир ба ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистониро зарур аст, ки фирефтаи макру найрангҳои ҲНИ нашуда, барои саодат, хушбахтӣ ва ояндаи неки ин сарзамин, ки бо хуни ҳазорон шаҳидон, ятимон бунёд шудааст, арҷ гузоранд ва ҳақиқати таърихро нодида нагирфта, шукрона аз фазои сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт ва шукургузорӣ аз кору пайкори Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошта бошанд. Дар он сурат мо метавонем Тоҷикистони азизро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем.
Мудири муассисаи таҳсилоти ибтидоии №40 Сайфиддин