Мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии
ноҳияи  Тоҷикобод  барои  ишғоли мансабҳои холии  маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

        Дастгоҳия раиси ноҳия

  1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1031,40 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Сармутахассис (сарагроном)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  2. Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  3. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об– 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  4. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об (оид ба омор) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  6. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  7. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  8. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Ширинчашма (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Нӯшор (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;

Довталабон ба хадамоти  кадрии дастгоҳи раиси ноҳия  ё комиссияи  озмунӣ
ҳуҷҷатҳои  зеринро бояд  пешниҳод намоянд:

  1. Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ.
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6).
  3. Тарҷумаи ҳол.
  4. Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.
  5. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки собиқаи меҳнатӣ надорад).
  6. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 086 УЕ.
  7. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.
  8. Маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия).
  9. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
  10. Нусхаи шиноснома.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагиии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи муоширати хуб бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, малакаи кор бо компютер.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо то 2 ноябри соли 2018

 

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба
андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

Суроға: шаҳраки Тоҷикобод,  кӯчаи  Исмоили  Сомонӣ – 10,
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод

 

.

8(3154) 2-14-10                          8(3154)2-14-10

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code