Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ

Андалеб 2018  дар  ноҳияи Тоҷикобод 

Имрӯз  дар ноҳияи Тоҷикобод  бахшида ба 27 солгарди Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар амал тадбиқ намудани «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайри моддии халқи тоҷик барои солҳои 2013 – 2020». Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ Андалеб 2018 баргузор гардид. Мақсади асосии Фестивал – озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нави санъати миллӣ, баланд бардоштани ҳиси хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, баракати Истиқлолият, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, хушсуханиву ҳаҷвнигорӣ, мустаҳкам сохтани ваҳдату ягонагӣ ва дустии халқҳои сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” намоиши дастранҷи ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия  баргузор гардида,  меҳмонону сокинони ноҳия аз он дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code