Роғун – нури бахти тоҷикон

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Пас аз  ба кор даромадани агрегати аввали Неругоҳи барқию обии Роғун дар қатори ҳазорон мардуми бошарафи кишварамон шодию хурсандии кормандони Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикободро ҳаду канор нест. Ниҳоят бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои Пешвои миллат дар натиҷаи  заҳмату талошҳои шабонарӯзии сохтмончиён агрегати аввалини Неругоҳи барқию обии Роғун ба фаъолият оғоз намуд.

Акнун бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон аз ин баъд ба марҳалаи воқеии рушд ворид мешавад ва дар оянда ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад.

Дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони кишварҳои гуногуни олам, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор гирифт.

Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон – НБО-и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Кормандони Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод дар қатори мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ҳамеша ғамхорӣ менамоянд. Мардуми ноҳияи мо низ ҳанӯз бо эҳсосу ифтихор дар ёд доранд, ки  29 октябри соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшида буданд. Ин лаҳзаҳо азму иродаи Сарвари давлатро нишон медод, ки бо қавли худашон «зарур шавад, бо нохунҳоямон мо Роғунро месозем».

Инак , – 16 ноябри соли 2018 агрегати якум ба фаъолият оғоз кард. Соли минбаъда агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд.

Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи бунёди садди неругоҳ, дар назди шумораи зиёди мардум, ки ба хотири иштирок дар маросими оғози кори агрегати якум ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин руйдоди муҳим табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони кишвар расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.

Бо ифтитоҳи агрегати якуми НБО «Роғун» аҳолии кишвар дар тамоми фасли сол бо барқ таъмин шуда, фаъолияти корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам густариш пайдо хоҳад кард ва иқтидори истеҳсолии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти тавлиди маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда боз ҳам афзоиш пайдо мекунад.

Ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО “Роғун” талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

Мо сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикобод  низ  ин рӯзи таърихиро ба ҳама мардуми ҷумҳурӣ табрик мегӯем!                                                              Ҷамшед Фозилов,корманди Литсейи касбии техникии н. Тоҷикобод

 

  

                                                                Оғози марҳалаи рушди кишвар

16 ноябри соли 2018  барои ҳамаи тоҷикистониён рӯзи таърихист.  Дар ин рӯз, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардид, чархаи нахустини неругоҳи Роғун ба кор даромад ва ин иқдом бозгӯ аз он аст, ки қадами ҷиддӣ ва устувор дар роҳи даст ёфтан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, инчунин иҷро шудани яке аз ҳадафҳои асосии рушди стратегӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шуд!

Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани чорабиниҳои «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани чархаи якуми НОБ- и Роғун гӯшаҳои тарғиботию ташвиқотӣ ташкил карда шуда, парчам ва расму навиштаҷоти таблиғотиро аз ин рӯйдодҳои муҳим ташкил карда шуданд. Ҳамчунин ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию адабӣ, инчунин озмунҳои расми беҳтарин, иншои беҳтарин дар васфи Неругоҳи  Роғун ба роҳ монда мешавад. Дар ин рӯз тамошои дастҷамъонаи ба истифода дода шудани  чархи якуми НОБ-и Роғун ба роҳ монда шуд, ки кормандони муассиса ин рӯйдоди муҳимро  тариқи телевизион бо шавқ тамошо карданд.

Дар ҷамъомади тантанавие ки ба ин муносибат  дар саҳни Литсей бо иштироки хонандагону кормандон ташкил карда шуд,  ба кор даромадани НБО-и Роғунро, ки аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд – қадами устувор барои бунёди низоми энергетикии кишвар таъкид карда шуд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки зимни ҳар як суханрониҳои Пешвои миллат Раҳмон ба мавзӯи неругоҳи мазкур дахл карда, иброз менамуданд, ки рушди бонизом ва вусъатноки иқтисоди кишварро бе таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳама бахшҳо тасаввур кардан ғайримкон аст.

Ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст, ки тибқи он дурнамои бист соли оянда тарҳрезӣ гардидааст. Оғози амалии роҳ ба суӣ пешрафту шукуфоӣ маҳз аз фаъолияти Роғун вобастагӣ дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд: –

–  “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Дар воқеъ НБО “Роғун” манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик саодати зиёд мебинад.

«Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Кормандони Литсейи ноҳияи Тоҷикобод бар хилофи қувваҳои ғаразноки хориҷи кишвар амалӣ гардидани нақшаҳои неку созандаи давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда, боварии комил доранд, ки бо бунёди иншооти азими аср- Неругоҳи барқию обии Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз тараққӣ мекунад ва бархе аз раҳгумзадагон аз кирдори худ пушаймон гардида, дар оянда ҳама содиқона аз паи ободонию пешрафти ҷумҳуриамон мегарданд.

 

 

         Нурмаҳмад Сафаров,

  муовини директори Литсейи

  касбии техникии н. Тоҷикобод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code