Ақидаҳои ҲНИТ дар Тоҷикистон
Сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақсади кушишҳои Пешвои муаззами миллат ба он равон гардид, ки иззати нафси роҳбарони ташкилоти экстремистию тераристии ҳизби наҳзати ислом, афроди мухолифи рохгумзада, фурухташуда ҷиноятсодиркарда нарасанд ,аз амалӣ кинаву низоияти онҳо ёдовар нашаванд, дарду алам,захмҳои падарону модарон аз лиҳози руҳию равони азияткашидаро бори дигар бедор наккунанд, фитнаву қудратро аз нав зинда накарда, аҳду паймон нашикананд ва худро байни ҷомеаи ҷаҳони шармсор насозанд. Инчунин дар ин раванди сулҳ олимону коршиносони сиёсӣ, рузноманигорону мунақидони кишвар низ иқдомҳои одилонаи Сарвари давлатро танҳо бо хотири расидан ба ин мувофиқа , якдигарфаҳми, талаботи аҳдномаро риоя кардан, аз камбудию хиёнаткориҳои содиркардаи ҳизби наҳзати исломӣ чашм пушидаанд ва нахостанд,ки бори дигар ба ҳайёти осоиштаи халқи азияткашидаи худ фитнаи нав ё алангаи оташ ангезанд.
Дар байни идеология комунистӣ ва бо он мухолиф ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ба ном дар қолаби «демократӣ» муборизаи ошкорои оштинопазирро оғоз намуданд. Дар ин давра даҳҳо ташкилоти гуногуни ҳизбӣ созмонҳои ҷамъиятию фарҳангию ақалиятҳои миллӣ ташкил шуда , ба фаъолияти бесарусомона шуруъ намуданд, ки манбаи низои ҷомеа гардида, вазъи сиёсиро пайваста бесубот гардонида сабабгори тарк намудани теъдоди зиёди мутаххасисони варзидаи миллату халқиятҳои дар кишвар истиқоматдошта гардид. Роҳбарони хизби наҳзати ислом маблағҳои аз давлатҳои исломи ҷалб кардаашон истифода карда маккорона сарвари ҳизбу ҳаракатҳои номбурдаро ба дасти худ гирифта дар зери ниқоби ғояҳои демократи сиёсати ҷудоиандози миллатгарои ва бунёдгарориро барнома ва оиномаи худ гардонида миллати ягонаи ороми осоиштаро ба гуруҳу ,табақаҳои гуногун ба муқовимати шадиди минтақави ҷанги шаҳванди бо истифодаи силоҳ сафарбар намудаанд.яке аз хиёнатҳои роҳбарияти ҳизби наҳзати ислом ташкили муҷараҳои сиёси оғози муноқишаҳои дохилию минтақави ҷанги шаҳрванди ба ҳисоб меравад, ки харобихои гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварда, ба тафакури сиёси руҳияи ақидаи мардуми кишвар таъсири ислоҳталабро боқи гузошт.
Ҳамаи ин тамоми ин мардуми осоишта, озодфикру озодандешро то имруз руҳанду ҷисман азият медиҳанд.Ба тақдири минбаъдаи мардум хусусан, насли ҷавони оянда нишонаи бадноми «мухолиф, ҷонибдори ба ном давлати иисломӣ ё хурофотпарастӣ доштан-ро аз худ боқи гузошт,ки дар вохуриҳо аз шаҳвандони дигар минтақаҳо садо медиҳанд.
Хулоса хизби наҳзати исломӣ фаъолияти худро бо дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суиистифода карда мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафум барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид,ки чи гунна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.
Пешниҳод мешавад,ки барои омӯзиши манбаъҳои хатарҳои таъсирасони фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукумати ХНИТ дар хориҷ ва дохилӣ кишвар тадқиқоти дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагири ин масъала назари ҳар як фардӣ солимфикри ҷомеа зарур аст,ки вазъи ҷойдошта чи гунна шакл гирифта истодааст, Эътиқоди назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифродгаро баҳо диҳанд ва баҳри рафти он чораҳои зарури андешанд.
Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарҳои ин масъалаи муҳими доғи зиндаги аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд,ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи ҳизби наҳзати исломӣ ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистии терористи ба монанди «давлати исломӣ» (ДИИШ) «ҳизб-ут таҳрир» « ҷунбиши толибон» , « ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ал- қоида бештар хоҳад буд.
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 : Бурҳонов М