Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикобод

Ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар ноҳияи Тоҷикобод нисбати солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Бо мусоид омадани ҳавои имсола тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар ноҳия рӯзи 23-юми март аз субҳи барвақт оғоз гардиданд. Ҳарчанд чорабиниҳои наврӯзӣ, аз қабили гуштингирӣ, бӯзкашӣ, ва дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ  дар ҷамоатҳои деҳот барвақттар яъне чанд рӯз қабл аз Наврӯз  оғоз гардида ва то ҳанӯз идома доранд. Дар рӯзи ҷашн субҳи барвақт пиру барно аз ҳама ҷамоатҳои деҳот дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, ки макони тантанаҳои наврӯзӣ буд, бо як рӯҳияи болида ҷамъ омаданд. Қабл аз чорабинии тантанавӣ дар толори меҳмонхонаи тозабунёди ноҳия хатнасури 50 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд ва ҷашни арӯсии 10 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар як фазои идона баргузор гардид.

Дар чорабинии хайриявӣ, ки аз тарафи мақомоти иҷроия ва ҷалби соҳибкорони маҳалӣ гузаронида шуд, зикр гардид, ки дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар ноҳия сол то сол бештар амалӣ гардида истодаанд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз  аёдату дастгирии ятимону бепарасторон, оилаҳои   ниёзманду    маъюбон    амали   хайру    савоб       мебошад. Сипас, дар канори ҷашнгоҳ, ки дар варзишгоҳи Литсейи касби- техникии ноҳия ташкил гардида буд, намоиши дастовардҳои аҳли заҳмат ва ҳунармандон барпо гардид.   Дар он маҳсулоти ташкилоту корхонаҳо, дастранҷи кишоварзон ва ҳунармандони мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар намоиш дастурхонҳои идонаи ҳафт-сину ҳафт- шин, таому шириниҳои  наврӯзӣ тибқи таомули мардуми маҳаллӣ саҳни намоишгоҳро зеб медод. Чорабинии идона дар варзишгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳия бо намоиши театрикунонидашудаи аҳли санъат бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид, ки он дар сатҳи хеле баланд ҷараён гирифт. Дар назди ҳозирин арӯси сол-Маликаи Наврӯз дар ҳалқаи гулдухтарони атласпӯш гаштугузор намуда, аз омадани фасли зебои сол башорат медод. Аҳли ҷашнгоҳро иҷрокунандаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ раиси Тоҷиктрансгаз Хол Карим ба муносибати ҷашни байналмиллалии Наврӯз табрик намуда, дар суханрониашон аз ҷумла зикр намуданд, ки ноҳияи Тоҷикобод бо дастгириҳои Ҳукумати чумҳурӣ сол то сол ободу зебо мегардад. Бунёди якчанд иншоотҳои бузург дар замони истиқлолият ба монанди пули азими Ваҳдат, шоҳроҳи байналмиллалӣ, ки тавассути ноҳия мегузарад,  варзишгоҳи дорои беш аз 6 ҳазор ҷои нишаст, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва чандин иншоотҳои хурду бузург симои ноҳияро  дигаргун намудаанд. Қайд гардид, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём ба ҷашни Наврӯз меҳр ва муҳаббати хосса дошта таҳти ҳар шароите дар тули таърих онро гиромӣ медоштанд.

Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати сартосарӣ дар ҷумҳурӣ мардуми заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод низ ҷашни Наврӯзи имсоларо бо иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ дар фазои орому осуда пешвоз гирифтанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамарӯза аҳолӣ бо ҳашарҳои умумӣ баромада дар ободонии маркази ноҳия ва деҳоти он саҳми худро гузоштанд. То ҷашни Наврӯз дар шафати шоҳроҳи байналмиллалӣ бо супориши роҳбарияти ноҳия аз тарафи ташкилоту муассисаҳо лавҳаҳои калонҳаҷми таблиғгари ҷашни Наврӯз, дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ насб гардида, ниҳолҳои сояафкану ороиши шинонда шуд.

        

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code