Рӯзи 15 апрели соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси фаъолони ноҳия оиди рушди иҷтимоӣ- иқтисодӣ дар семоҳаи якум ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, муовини Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Аҳмад Идиев кормандони ташкилоту идораҳо ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Саравал ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода оид ба андозу буҷет, сохтмон ва комуникатия, савдо ва фаъолияти соҳибкорӣ шунида шуд, сипас ҳисоботи муовини раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир оид ба иҷтимоиёт, масоили забон, занон, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, инчунин ҳисоботи муовини раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар оид ба самти кишоварзӣ, муҳити зист ва масоили замин ироа гардид.
Дар қисмати дувуми ҷаласа Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод оиди рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар семоҳаи якум баромад намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2019 яъне иҷроиши саривақтии нақшаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи минбаъда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Баъдан намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Аҳмад Идиев ба сухан баромада, вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар семоҳаи якуми соли 2019 андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас доданд. Бо назардошти масъалаи муҳокимашуда Маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод қарори зеринро қабул намуд:
1. Маъракаи ниҳолшинониву бунёди боғот, кишту кори баҳорӣ, кори умумихалқӣ эълон карда шуда, барои дар муҳлати кутоҳ ва босифат анҷом додани маърака аҳолӣ сафарбар карда шавад. Дар ин зимн ба кишти картошка афзалият дода, на кам аз 50 фисади заминҳои обӣ ба кишти ин зироат банд карда шаванд. Барои ҳар чи тезтар коршоям кардани иншоотҳои обрасон дар таъмири каналу ҷуйборҳо истифодаи ҳашарҳои дастаҷамъонаи мардум ба мақсад мувофиқ шуморида шавад.
2. Ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ тезонида шавад. Муовини соҳавии раиси ноҳия, бахшҳои сохтмон ва меъморӣ, сохтмони асосӣ мушкилотҳои ҷойдоштаро ҳал намуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохтмонашон оғоз наёфта, тадбирҳои амалӣ андешанд.
3. Раёсати молия ва Нозироти андоз барои иҷрои саривақтии пардохти андозҳо, роҳ надодан ба пайдо шудани бақияпулиҳо, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави андозбандӣ, назорати мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҷӯи намоянд.
4. Муовини соҳавии раиси ноҳия, шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои оид ба корҳои дин, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва дигаргунӣ ворид намудан дар фаъолияти корӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Барои таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вусъат бахшидани корҳои омафаҳмонӣ оиди пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни ҷавонон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба ҷараёнҳои ифротгаронаи динию мазҳабӣ, ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ» бедор намудани ҳисси ватандустию ифтихори миллии шаҳрвандон, пеш аз муҳлат иҷро намудани сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чораҳои амалӣ андешанд.
5. Муҳтавои қарори қабулгардида, ба самъи шаҳрвандони ноҳия тавассути рӯзномаи ноҳиявӣ ва дигар расонаҳои дохилӣ расонида шавад.
Раиси Маҷлис Маҳмадшозода Ҳ. Ғ. Котиби Маҷлис Акбарзода Н.Н.